Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори комиссияҳои Ассамблеяи байнипарлумонии СААД иштирок намуданд

Октябрь 21, 2022 09:09

 ДУШАНБЕ, 21.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар кори ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ оид ба масоили  иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, ки дар қасри Таврическии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия дар реҷаи фосилавӣ (онлайн) баргузор гардид, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода ва раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ширкат намуда, оид ба мавзӯъҳои баррасишуда ибрози назар намуданд.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Дар рӯзномаи иҷлосия сенздаҳ масъала, аз ҷумла «Дар бораи лоиҳаи Тавсияҳо оид ба такмили асосҳои методологии таҳия ва омодагӣ ба қабули санадҳои намунавии СААД», «Дар бораи лоиҳаи Тавсияҳо оид ба такмили асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва методологии ба назар гирифтани муқаррароти санадҳои намунавӣ ҳангоми такмили қонунгузории миллии кишварҳои узви СААД», «Роҷеъ ба кор оид ба лоиҳаи Дастурҳои намунавии мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои СААД дар соҳаи таъмини оперативӣ ва тафтишотии амнияти дастаҷамъӣ», «Дар бораи лоиҳаи Тавсияҳо оид ба ҳамоҳангсозии қонунгузории кишварҳои узви СААД оид ба масъалаҳои мусодираи амволи шаҳрвандон ва ташкилоте, ки дар ҳолати ҳарбӣ ё вазъияти фавқулода қарор доранд», «Дар бораи лоиҳаи Тавсияҳо оид ба танзими гардиши дороиҳои виртуалӣ (муқовимат ба паҳншавии беназорати криптовалютҳо ва дигар суррогатҳои электронии воситаҳои пардохт, ки системаҳои молиявии миллиро вайрон мекунанд (нобуд мекунанд», «Дар бораи лоиҳаи Тавсияҳо оид ба такмили қонунгузории миллии кишварҳои узви СААД оид ба бастани каналҳои вуруди терроризми байналмилалӣ», Дар бораи лоиҳаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомнома дар бораи комиссияҳои доимии Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (аз 3 апрели соли 2008 бо тағйироту иловаҳои минбаъда», «Дар бораи маблағгузории фаъолияти Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ» ва « Дар бораи тасҳеҳи саҳмияҳои ҳиссавии давлатҳои аъзои СААД ҷиҳати таъмини фаъолияти Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳднома оид ба амнияти дастҷамъӣ дар соли 2022» қарор доштанд, ки аз ҷониби вакилон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иштирокчиёни ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии СААД дар идомаи суҳбат масъалаҳои мавриди баррасии ҷаласаи навбатиро дар шароити ихтилофоту муқовиматҳои ҷаҳони имрӯза хеле муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкории якҷоя, такмили механизми ин ҳамкорӣ дар тамоми бахшҳо, аз ҷумла дар доираи АБ СААД эътибори ҷиддӣ медиҳад.

Акс: МН МО ҶТ

Октябрь 21, 2022 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
Ба муносибати 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиш баргузор гардид
Рушди муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
ҚОНУН «ДАР БОРАИ АВФ». Санади 18-уми башардӯстонае мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо намудаанд
Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон ҷамъбаст шуд
Файзалӣ Идизода бо иштирокдорони Форуми «Кӯдакони Иттиҳод» мулоқот намуд
Дар Боку ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парламентии Осиёӣ (APA) баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии Ассамблеяи парламентии Осиё баргузор мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид