Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон мулоқот намуд

Октябрь 31, 2022 16:48

ДУШАНБЕ, 31.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. 31 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода  бо Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмеҳдӣ Исмоилӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар оғози вохӯрӣ ҳайати меҳмонон аз толорҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, бо нусхаи дастхатҳои нодири Китобхона, ки аз осори пурғановати шоирони классикии тоҷику форс, аз қабили «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ, асарҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Насриддини Тусӣ ва дигарон  гирдоварӣ шудаанд, шинос шуданд.

Дар ҷараёни  вохӯрӣ миёни ҷонибҳо гуфтугӯи дӯстонаю самимона вобаста ба нашри китобҳои адибони ду кишвар, баргузории намоишҳои китобӣ,  барномаҳои фарҳангӣ,  ҳунарҳои мардумӣ ва дигар масъалаҳои марбути соҳа сурат гирифт.

Пас аз анҷоми вохӯрии дӯстона ҷонибҳо бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон суҳбат ороста, баргузории рӯзҳоро дар Тоҷикистон падидаи беназири фарҳангӣ арзёбӣ намуданд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 31, 2022 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд