Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон суханони блогери украинӣ Дмитрий Гордонро рад намуд
ДУШАНБЕ, 31.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон суханони блогнависи украинӣ Дмитрий Гордонро, ки 28 октябр дар ҷараёни барномаи интернетии «Дар меҳмонии Гордон» дар бораи аз ҷониби Эрон дар Тоҷикистон истеҳсол шудани ҳавопаймоҳои бесарнишине, ки «украиниҳоро нест мекунад», садо доданд, рад намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаи Facebook хабар медиҳад.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои сеюм таҷҳизоти низомӣ содирот намекунад», — таъкид гардидааст дар баёнияи ВКХ Тоҷикистон.
Мо тавсия медиҳем, ки ҷаноби Гордон минбаъд ба чунин шарҳҳо бодиққат муносибат кунад ва дурустии иттилооти паҳншударо тафтиш кунад.
Ба ҷаноби Гордон тавсия медиҳем, ки минбаъд нисбат ба чунин шарҳҳо бодиққат муносибат кунад ва дурустии иттилооти паҳншударо сараввал санҷад.
«Ҳамчунин ба маълумоти шумо мерасонем, ки ҷониби Тоҷикистон дар ин бора аз Киев ягон дархости расмӣ дарёфт накардааст», — гуфта шудааст дар баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Акс: ВКХ ҶТ








Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд






