«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Китоби Президенти Тоҷикистон ба забонҳои маъруфи ҷаҳон-русӣ, англисӣ ва чинӣ тарҷума гардид

Октябрь 5, 2022 15:00

ДУШАНБЕ, 05.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори раёсати Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода китоби дуҷилдаи «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забонҳои маъруфи ҷаҳон – русӣ, англисӣ ва чинӣ тарҷума гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ДДЗТ.

Барои тарҷумаи босифату шоистаи китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» таҳти роҳбарии ректори Донишкада, профессор Жило Гулназарзода устодони варзида Фаёз Турсунов, Бахтиёр Ҳоҷатов, Анвар Баротов бо забони русӣ, Зубайдулло Мусоямов, Бобоҷон Маликов, Муҳаммадсалим Азизмуродов, Ҳамида Ишратова, Зулола Ҳалимзода, Ҷамила Ҷӯраева, Дилфӯза Саидова, Аюб Зикруллоев, Руҳангез Сафарзода бо забони англисӣ ва  Зоир Ғафуров, Манижа Носирова, Қурбонбегим Ғуломалиева, Сайёра Гиёева, Наврӯзмоҳ Муборакшоева ва Моҳбегим Иброҳимова бо забони  чинӣ бо камоли муҳаббату садоқат кӯшиш ба харҷ доданд.

Китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» воқеан ҳам дар ҳамбастагӣ ба ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба забони модарӣ навишта шудааст. Аз ин рӯ китоб зуд мақбули ҳамагон гашт ва барои сокинони мамлакат мояи ифтихор мебошад.

Ин китоб бори дигар бо далелҳои муътамад ва суханони баланду дилписанд бузургию тавоноӣ ва таърихи пуршарафи забони модариро  собит намуд.

Акс: ДДЗТ 

Октябрь 5, 2022 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид