30 СОЛИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ ТОҶИКИСТОН ВА УЗБЕКИСТОН. Дар Самарқанд барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15-16 ноябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон ба ифтихори 30-солагии робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон барномаи фарҳангӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Барномаи фарҳангӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳокимияти вилояти Самарқанд дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Самарқандии академия илмҳои Турон доир гардид.
Дар барнома ҳунармандони Оркестри симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳунармандони шинохтаи мамлакат, инчунин ҳунармандони узбек иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор шудаанд.
АКС аз манбаъҳои боз










Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






