Ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон баргузор мешавад

Ноябрь 1, 2022 10:28

ДУШАНБЕ, 01.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз шуданд. Тавре қаблан иттилоъ додем, маросими ифтитоҳ дирӯз дар Театри давлатии  академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо иштироки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва Вазири фарҳанг ва иршоди исломии ҶИЭ Муҳаммадмеҳдӣ Исмоилӣ баргузор гардид.   

Рӯзҳои фарҳанги Эрон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб бо ҳузури 60 нафар намояндагони мақомоти расмӣ, фарҳангӣ ва ҳунарии ин кишвар сурат мегиранд

Имрӯз, 1 ноябр,  соати 14:00 маҳсули ҳунарҳои мардумии эрониён дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта мешавад ва соати 17:00 дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон нависандагону шоирони Тоҷикистону Эрон   дар маҳфили адабӣ ҷамъ меоянд.

Рӯзи 2-юми ноябр баргузории маҳфили «Шоҳномахонӣ» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон пешбинӣ  шудааст. Ҳамзамон намоиши филмҳои «Писарони дарё», «Тахтӣ» ва «Роҳи обии абрешим» дар Кохи Наврӯз ва Кинотеатри «Ватан»-и  Душанбе ба  нақша гирифта шудааст.


Рӯзҳои 3 ва 4-уми ноябр ҳайати меҳмонон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кулоб Рӯзҳои фарҳангро идома  медиҳанд.

Дар Рӯзҳои  фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон қарор аст, бархе аз зарфиятҳо, тавлидот, дастовардҳо ва тавонмандиҳову халлоқиятҳои ҳунармандони Эрон дар арсаҳои ҳунар ва мусиқӣ ба намоиш гузошта шаванд”, — гуфтанд дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Ба гуфтаи манобеъ, рӯзҳои фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон як ҳафта идома карда, рӯзи 6-уми ноябр ба  итмом мерасанд.

Дар ибтидои моҳи октябр Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Эрон  доир гардида буданд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Самарқанд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Саид Иброҳим Раисӣ масоили ҳамкориҳои бисёрҷонибаро баррасӣ карда буданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба арзишҳои муштараки таърихию фарҳангии ду халқ, дар ояндаи наздик баргузории Рӯзҳои фарҳанги кишварҳоро дар қаламравҳои ҳамдигар нақши муҳим дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ арзёбӣ карданд.

Сарони ду малакат ҳамчунин масъалаҳои рушди ҳамкориҳоро дар бахши хусусӣ ва давлатӣ, ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва роҳандозии робитаҳои мустақим байни минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо шаҳрҳои саноатии ду кишварро баррасӣ карданд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 1, 2022 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид