Баҳодур Шерализода ва Дина Салеҳ таҳияи лоиҳаҳо доир ба масъалаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро баррасӣ карданд

Ноябрь 11, 2022 15:19

ДУШАНБЕ, 11.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Конфронси 27-уми тарафҳо оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо директори минтақавӣ барои давлатҳои Шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ ва Аврупои Фонди Байналмилалии Рушди Кишоварзӣ хонум Дина Салеҳ дар павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Мусоҳибон оид ба ҳамкории дуҷониба дар самти таҳияи лоиҳаҳо доир ба масъалаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим изҳори назар намуданд. Зикр шуд, ки Фонди мазкур ва Кумита давоми соли 2021 — 2022 лоиҳаи нави давлатии сармоягузориро бо ҷалби маблағгузории Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ, Фонди иқлими сабз ва Фонди глобалии экологӣ дар самти дастгирии соҳаи кишоварзӣ бо назардошти масъалаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи гуногунии биологӣ ва беҳтаркунии хизматрасонии обуҳавошиносӣ таҳия ва тасдиқ намуданд.

Хонум Дина Салеҳ доир ба раванди ҳамкории Фонди мазкур бо Кумита изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки бо мақсади таҳияи дизайни лоиҳаи нави иловагӣ дар самти барқарорсозии ландшафт, ҳифзи гуногунии биологӣ аз 21 то 26 ноябри соли равон коршиносони байналхалқӣ ба Тоҷикистон сафар мекунанд.

Инчунин Дина Салеҳ доир ба ташаббуси Фонд оид ба таҳияи лоиҳаи нави минтақавӣ барои Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим сухан гуфт.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 11, 2022 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид