Бахшида ба 30 соли равобити Тоҷикистон ва Эрон ҳамоиш доир гардид

Ноябрь 3, 2022 15:23

ДУШАНБЕ, 03.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломи  Эрон бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Муассисаи фарҳангии мутолиот ва таҳқиқоти байналмилалии Теҳрон бахшида ба 30-солагии барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон таҳти унвони «30 соли равобити Тоҷикистон ва Эрон: вазъ ва дурнамо» Конфронси байналмилалии муштарак баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд, дар кори конфронс Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, ҳайати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Марказ Хайриддин Усмонзода ва роҳбарону коршиносони касбии ниҳодҳои зеҳнӣ, доираи васеи намояндагони илму адаб, фарҳанг, воситаҳои ахбори омма, сохторҳои давлатии Эрон, аз ҷумла, Мудири кулли дипломатии умумӣ ва расонаи Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Дилхуш, Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ), Раиси Муассисаи фарҳангии СҲИ ва дигар шахсиятҳои маъруфи ҶИЭ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҳамоиши илмӣ доир ба ҳамкории фарогири Тоҷикистон ва Эрон дар ҳавзаҳои гуногун тайи 30 соли барқарории робитаҳои дипломатӣ ибрози назар карда шуд. Аксари коршиносон аз раванди мусбати ҳамкорӣ ёдовар шуда, дастовардҳои арзишмандро маҳсули талош ва иродаи сиёсии роҳбарони олии ду кишвар донистанд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ 30 соли равобити дипломатии Тоҷикистон ва Эронро ба чаҳор давраи таърихӣ тақсим намуда, таъкид кард, ки бо талошу таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ бо кишвари дӯст ва бародари Эрон дар соҳаҳои гуногун таҳкиму густариш ёфтаанд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода  30 соли равобити дипломатии Тоҷикистон ва Эронро таҳлил намуда, ҳамкории фарҳангиро ҳамчун омили муҳим дар муттаҳидии ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг муҳим арзёбӣ намуд. Илова бар ин, директори Марказ нақши ин ду кишварро дар таъмини амнияти минтақа калидӣ баҳогузорӣ кард.

Дар фарҷоми ҳамоиши байналмилалӣ ду китоби коршиносони Эрон ва Тоҷикистон доир ба равобити дуҷониба рӯнамоӣ гардид.

Акс: МТС

Ноябрь 3, 2022 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд