Байден оид ба натиҷаи интихобот дар Конгресс изҳорот дод

Ноябрь 10, 2022 10:59

ДУШАНБЕ, 10.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти ИМА Ҷо Байден изҳор кард, ки дар интихоботи миёндавраи Конгресси Амрико ҳеҷ гуна мудохила сурат нагирифтааст. Дар ин бора вай зимни суханронӣ дар бораи натиҷаи раванди интихобот иброз намуд.

«Дар иёлатҳои саросари мамлакат иштироки рекордии овоздиҳандагонро мушоҳида карданд. Дилу ҷони демократияи мо -интихобкунандагон, кормандони участкаҳои интихоботӣ ва кормандони комиссияҳои интихоботӣ мебошанд. Онҳо кори худро иҷро намуданд, вазифаҳои худро аслан бе ягон дахолат иҷро карданд», — гуфт Байден.

Ба баҳогузории ӯ, натиҷаи интихобот нишон медиҳад, ки амрикоиҳо аз вазъи феълии мамлакат ноумед шудаанд. Байден инчунин Украинаро зикр кард. Вай изҳори умедворӣ кард, ки мавқеъгирии Вашингтон доир ба Киев пас аз интихоботи Конгресс тағйир нахоҳад ёфт.

Интихоботи миёндавраии Амрико рӯзи сешанбеи 8 ноябр баргузор шуд. Интихобкунандагон бояд тамоми палатаи намояндагон ва сеяки Сенатро интихоб мекарданд. Аз 50 иёлат дар 36-тои он интихоботи губернаторӣ баргузор шуд. Ҳизби ҷумҳуриявӣ, ки онро президенти вақти ИМА Доналд Трамп намояндагӣ мекунад, имкон дорад назорати ҳарду палатаи Конгрессро дубора ба даст орад.

Лайф тазаккур дод, ки Трамп қаблан изҳорот дода буд. Ӯ натиҷаи интихоботро пирӯзии бузург барои худ номид, ҳарчанд дар маҷмӯъ «то андозае ноумедкунанда» аст.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Reuters

Ноябрь 10, 2022 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд