Бо мақсади пешгирӣ аз чангу ғубор дар ноҳияи Шаҳритус дар зиёда аз 200 гектар ниҳоли саксаул шинонида шуд

Ноябрь 30, 2022 17:38

ДУШАНБЕ, 30.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон дар майдони зиёда аз 200 гектар ниҳоли саксаул шинонида шуд. Дар назар аст, ки то мавсими баҳори соли 2023 дар ин мавзеъ боз дар майдони 100 гектар саксаул шинонида шавад, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар», ки аз ҷараёни парвариши ин намуди растанӣ дар минтақаи мазкур боздид намуд.

Ба андешаи мутахассисони Агентӣ, ба вуқӯъ омадани чангу ғубор ба тағйирёбии иқлим вобаста буда, гарду ғуборе, ки дар кишвар мевазанд, асосан аз самти сарҳад- мавзеъҳои хушки Узбекистон, Туркманистон ва Афғонистон ба амал меоянд.

«Мақсад аз бунёди саксаулзор- маҳз ҳимояи аҳолии маҳаллӣ аз вазиши чунин чангу ғубор мебошад. Зеро ниҳоли саксаул регҳоро мустаҳкам намуда, заминҳои хоҷагӣ ва маҳалҳои ба рег наздикбударо аз вазидани чангу ғубор муҳофизат мекунад»,- афзуд Директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал» Нуралӣ Ҳусейнов.

Буёнди майдони саксаулзор дар доираи Лоиҳаи барқароркунии ҷангал ва беҳтар кардани некуаҳволии мардум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Лоиҳаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Корея моҳи июли соли 2020 оғоз гардида, то моҳи августи соли 2023 фаъолият менамояд.


Дар маросими шинонидани ниҳоли саксаул Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донг Сок, директори минтақавии Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOIKA) Ҷон Минён, Намояндаи Хадамоти ҷангали Корея-ҳамоҳансози Лоиҳаи барқароркунии ҷангал ва беҳтар кардани некуаҳволии мардум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сеҷин Ҷу, муовини Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Шарифзода, Директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал» Нуралӣ Ҳусейнов, мутахассисони соҳаи ҷангал ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд.

Муовини Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Шарифзода иброз дошт, ки лоиҳаи мазкур дар доираи ҳамкории Агентии ҷангали Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Корея амалӣ карда мешавад.

«Бунёди саксаулзорҳо ҷиҳати пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба муҳити сукунати олами ҳайвонот ва таъмини некуаҳволии мардум мусоидат менамояд. Он дар доираи «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026» ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии барномаи мазкур ба роҳ монда шудааст»,-гуфт Давлаталӣ Шарифзода.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донг Сок изҳор намуд, ки соли равон аз барқарор гардидани муносибатҳои Тоҷикистон ва Корея сӣ сол сипарӣ гардида, ин робитаҳо зина ба зина рушд намуда истодаанд.

Мақсад аз бунёди саксаулзор ҳимояи аҳолии маҳаллӣ аз вазиши чунин чангу ғубор мебошад. Зеро ниҳоли саксаул регҳоро мустаҳкам намуда, заминҳои хоҷагӣ ва маҳалҳои ба рег наздикбударо аз вазидани чангу ғубор муҳофизат мекунад.

Саксаул чист?

Саксаул як намуди дарахтест, ки макони асосии он биёбон аст. Диаметри он ба 100 см баробар буда, баландиаш тақрибан 5-8 метр мебошад. Ин растанӣ ба хушксолии шадид, гармии тоқатфарсо ва шӯразамин тоб меорад.

Танаи растанӣ каҷ аст, аммо сатҳи ҳамвор дорад ва диаметраш ба 1 метр мерасад. Ин намуди дарахт тоҷи азими сабзи дурахшон дорад, ки аз дур намоён мегардад.


Чаро саксаулро растании ғайриоддӣ меҳисобанд?

Ин растанӣ хусусияти биологии худро дорад, зеро он ба иқлими биёбон мутобиқ мешавад. Он хоки регдорро аз шамол муҳофизат ва то андозае эрозияи шамолро пешгирӣ мекунад. Ин имкон медиҳад, ки биёбон экосистемаи табиии худро нигоҳ дорад.

Ба ғайр аз вазифаи асосӣ саксаул ҳайвоноти хонагии маҳаллӣ (гов, гӯсфанд, шутур)-ро бо манбаи иловагии хӯрок таъмин мекунад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

Душанбе-Шаҳритус-Душанбе

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 30, 2022 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«TELECOM AWARDS TAJIKISTAN – 2025». Барои баҳодиҳӣ ба фаъолияти операторони алоқаи барқӣ озмун гузаронида мешавад
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Бохтар сохтмони 17 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст
Шуруъ аз 1 июли соли 2026 дар Иттиҳоди Аврупо талаботи нав ба тахографҳо эътибор пайдо мекунад
Кишоварзон дар беш аз 4 ҳазор гектар кишти пиёзи барвақтӣ гузарониданд
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 131 ҳазор тонна сабзӣ ҷамъоварӣ карданд
Тоҷикистон ва Фонди Қатар оид ба рушд масъалаи густариши ҳамкориро баррасӣ карданд
Дар шаҳри Вашингтон Бизнес-Конфронси кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 баргузор гардид
Дар соҳили дарёҳои шаҳри Ваҳдат корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар Суғд шумораи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ афзоиш ёфта, инфрасохтори соҳа тақвият меёбад
Дар Вашингтон имкони роҳандозии парвозҳои мустақим байни Тоҷикистон ва ИМА баррасӣ гардид
Дар шаҳри Вашингтон мизи мудаввари сатҳи баланди соҳибкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид
Дар шаҳри Даҳва ҷалби маблағгузории Қатарӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон баррасӣ шуд