ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Шоира Зулқайнарова ва Абдумалик Болтаев ба даври дуюм роҳ ёфтанд
ДУШАНБЕ, 04.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи сеюми Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Аммони кишвари Урдун Тоҷикистонро 3 варзишгар: Миҷгона Самадова, Шоира Зулқайнарова ва Абдумалик Болтаев муаррифӣ карданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар медиҳад.
Намояндаи Тоҷикистон Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кг дар даври аввал аз муштзани Тайпеи Чин Ю Тинг Лин бо ҳисоби 0 бар 5 ноком шуд ва аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.
Шоира Зулқайнарова дар вазни то 60 кг намояндаи Ҷопон Ринка Танакаро бо ҳисоби 5 бар 0 мағлуб намуда, ба даври дуюми Чемпионати Осиё оид ба бокс роҳ ёфт.
Абдумалик Болтаев дар вазни то 75 кг бидуни рақобат ба даври дуюм роҳ ёфт, зеро ҳарифи Абдумалик Аҳмад Ғоссон аз кишвари Сурия ҳозир нашуд ва пирӯзӣ насиби муштзани мо гардид.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Аммони кишвари Урдун аз 1 то 12 ноябр идома мекунад.
АКС аз манбаъҳои боз








Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад






