Дар Бадахшон ҷаласаи Ситод оид ба зимистонгузаронӣ ба таври маҷозӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 24.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябр таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода Ситод оид ба зимистонгузаронӣ ба таври маҷозӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар доданд.
Дар он Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот, раисони шаҳру ноҳияҳо, аъзои ситоди вилоятӣ, инчунин роҳбарони вазорату кумитаҳои дахлдори ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар оғози ҷаласа муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» маълумот дода, зикр намуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани омодагии хоҷагии халқи вилоят ба зимистон гурӯҳи корӣ сафарбар гардидааст. То имрӯз камбудиҳои зимни санҷиш ошкоргардида пурра бартараф карда шуданд.
Алишер Мирзонабот аз дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят изҳори сипос намуд.
Зикр гардид, ки тибқи нақшаи тасдиқгардида, ба ҳолати имрӯза соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг бо маводи асосии ғизо, аз ҷумла орд, равған, шакар, картошка, меваю сабзавот, консерваҳо ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ пурра таъмин мебошанд. Соли равон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъминоти муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ бо ангиштсанг ва маводи сӯхт ба буҷети маҳаллӣ иловатан 3 миллион сомонӣ ҷудо гардид.
Барои таъмини талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти ғизоии босифату дастрас (орд, равған, шакар, картошка, меваю сабзавот, консерваҳо ва дигар маҳсулоти озуқа) гуфта шуд, ки ба ҳолати 10 ноябр орд 95 фоиз, биринҷу равған 100 фоиз, шакар 98,9, 10726,2 тонна картошка, 2 416,4 тонна пиёз, 138720 қуттии шартӣ консерва, 5766 тонна маҳсулоти озуқаворӣ пурра захира карда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақшаи тасдиқгардида талаботи аҳолии вилоят, идораву корхонаҳо ба ангишт зиёда аз 23 ҳазор тоннаро ташкил дода, то ба имрӯз он 75 фоиз иҷро гардидааст.
Тибқи супориши Сарвари давлат Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои камбизоати ноҳияи Мурғоб 400 тонна ангиштсанги ройгон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нархи арзон ҳазор тонна ангиштсанг ҷудо карда, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаҳои дурдасти тамоми ноҳияҳо нуқтаҳои фурӯши ангиштсанг ташкил намудааст, ки ба таъмини аҳолӣ бо ангишти аълосифат муосидат менамояд.
Раиси вилоят ҳамчунин оид ба талаботи муассисаҳои соҳаи иҷтимоии вилоят ба ангиштсангу ҳезум, омодагии Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди ВМКБ» ба мавсими зимистонгузаронӣ ва мушкилиҳои ҷойдошта гузориш дод.
Сипас, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва роҳбарияти ширкати барқии «Помир Энерҷи» вобаста ба ин масъала сухан гуфтанд.
Дар фарҷоми ситод муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода дар робита ба давраи зимистон, бартараф намудани мушкилоти мавҷуда ва камбудиҳои ҷойдошта ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, аъзои ситоди вилоятӣ ва мудирияти Ширкати барқии «Помир Энерҷи» супоришҳои мушаххас дод.
Акс: МИҲД ВМКБ








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






