Дар Бадахшон ҷаласаи Ситод оид ба зимистонгузаронӣ ба таври маҷозӣ баргузор шуд

Ноябрь 24, 2022 10:55

ДУШАНБЕ, 24.11.2022 /АМИТ «Ховар»/.  23 ноябр таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода Ситод оид ба зимистонгузаронӣ ба таври маҷозӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар доданд.

Дар он Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот, раисони шаҳру ноҳияҳо, аъзои ситоди вилоятӣ, инчунин роҳбарони вазорату кумитаҳои дахлдори ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар оғози ҷаласа муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» маълумот дода, зикр намуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани омодагии хоҷагии халқи вилоят ба зимистон гурӯҳи корӣ сафарбар гардидааст. То имрӯз камбудиҳои зимни санҷиш ошкоргардида пурра бартараф карда шуданд.

Алишер Мирзонабот аз дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят изҳори сипос намуд.

Зикр гардид, ки тибқи нақшаи тасдиқгардида, ба ҳолати имрӯза соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг бо маводи асосии ғизо, аз ҷумла орд, равған, шакар, картошка, меваю сабзавот, консерваҳо ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ пурра таъмин мебошанд. Соли равон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъминоти муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ бо ангиштсанг ва маводи сӯхт ба буҷети маҳаллӣ иловатан 3 миллион сомонӣ ҷудо гардид.

Барои таъмини талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти ғизоии босифату дастрас (орд, равған, шакар, картошка, меваю сабзавот, консерваҳо ва дигар маҳсулоти озуқа) гуфта шуд, ки ба ҳолати 10 ноябр орд 95 фоиз, биринҷу равған 100 фоиз, шакар 98,9, 10726,2 тонна картошка, 2 416,4 тонна пиёз, 138720 қуттии шартӣ консерва, 5766 тонна маҳсулоти озуқаворӣ пурра захира карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақшаи тасдиқгардида талаботи аҳолии вилоят, идораву корхонаҳо ба ангишт зиёда аз 23 ҳазор тоннаро ташкил дода, то ба имрӯз он 75 фоиз иҷро гардидааст.

Тибқи супориши Сарвари давлат Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои камбизоати ноҳияи Мурғоб 400 тонна ангиштсанги ройгон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нархи арзон ҳазор тонна ангиштсанг ҷудо карда, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаҳои дурдасти тамоми ноҳияҳо нуқтаҳои фурӯши ангиштсанг ташкил намудааст, ки ба таъмини аҳолӣ бо ангишти аълосифат муосидат менамояд.

Раиси вилоят ҳамчунин оид ба талаботи муассисаҳои соҳаи иҷтимоии вилоят ба ангиштсангу ҳезум, омодагии Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди ВМКБ» ба мавсими зимистонгузаронӣ ва мушкилиҳои ҷойдошта гузориш дод.

Сипас, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва роҳбарияти ширкати барқии «Помир Энерҷи» вобаста ба ин масъала сухан гуфтанд.

Дар фарҷоми ситод муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода дар робита ба давраи зимистон, бартараф намудани мушкилоти мавҷуда ва камбудиҳои ҷойдошта ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, аъзои ситоди вилоятӣ ва мудирияти Ширкати барқии «Помир Энерҷи» супоришҳои мушаххас дод.

Акс: МИҲД ВМКБ

Ноябрь 24, 2022 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Шенни Кэмпбелл: «Дар Тоҷикистон босамартарин лоиҳаҳои Бонки Осиёии рушд татбиқ карда мешаванд»
Саридораи геологияи Тоҷикистон дар мавзуи «Усулҳои муосири кор бо маълумоти геологӣ» машварати омӯзишӣ баргузор намуд
Роҳбарони бонкҳои амонатгузории аъзои WSBI дар Бонн бо таҷрибаи бонкҳои пешрафтаи Олмон шинос гардиданд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи минбаъдаи ихтирооти сабтшуда байни Тоҷикистон ва Ташкилоти патентии авруосиёӣ баррасӣ гардид
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ОЗУҚАВОРӢ. Танҳо як ҳолати назарногири риоя накардани ин талабот боиси сар задани бемориҳо ва марги инсонҳо мешавад
СУПОРИШИ ПРЕЗИДЕНТ. Дар ноҳияи Ҷайҳун 500 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуд
Дар Душанбе ҷаласаи 16-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо доир гардид
«Еximbank»-и Корея дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ бунёд менамояд
Дар шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон ҷаласаи 76-уми Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор гардид
Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд
Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани аз НБО «Роғун» боздид намуд