Дар Брюссел мулоқоти ҳайати Иттиҳоди Аврупо бо cафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд

Ноябрь 28, 2022 15:00

ДУШАНБЕ, 28.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта дар Брюссел мулоқоти ҳайати Иттиҳоди Аврупо бо сарварии Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти берунӣ Стефано Саннино бо cафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он Сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Эркинхон Раҳматуллозода иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷонибҳо натиҷаҳои сафарҳои Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел, Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо дар умури сиёсати хориҷӣ ва амният, Ноиб-Президенти Комиссияи Аврупо Жозеп Боррелро ба минтақа, инчунин бозёфту бардоштҳои иҷлосияи навбатии вазирони хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИА, Конфронси ба наздикӣ дар Самарқанд баргузоргардидаи иттисолу ҳамбастагиро баррасӣ намуда, роҳу василаҳои татбиқи тасмимоти гирифтаро дар маркази таваҷҷуҳи хеш қарор доданд.

Ёдовар мешавем, ки 18 ноябр дар шаҳри Самарқанд нахустин Конфронси ҳамбастагӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: «Дарвозаҳои глобалӣ» барои рушди устувор баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ширкат варзид.

Дар нишасти мазкур масоили марбут ба ҳамбастагии устувор, фароҳам овардани имконият барои тавсеа ва рушди робитаҳои байниминтақавӣ дар самтҳои рақамикунонӣ, таҳкими масирҳои нақлиётӣ, обу энергетика ва ҳифзи муҳити зист муҳокима гардид.

Зимни суханронӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дидгоҳи кишварро бобати рушди ҳамкории бисёрҷониба ва рушди устувор дар ҳошияи ин абзор баён намуд.

Акс: ВКХ ҶТ

Ноябрь 28, 2022 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд