Дар Душанбе ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд

Ноябрь 11, 2022 16:22

ДУШАНБЕ, 11.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории муосири миллӣ, истиқрори сулҳу салоҳ дар кишвар, сарҷамъии миллат, таъмини ваҳдат ва раванди бунёдкорию созандагӣ дар мамлакат басо бузурганд. Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ин нукта имрӯз дар ҳамоише, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе доир гардид, зикр шуд.

Ҳамоиш бо ибтикори Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Роҳи оҳани Тоҷикистон» гузаронида шуда, дар он ҳайати кормандони Вазорати нақлиёт, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва ходимони намоёни давлатию ҷамъиятӣ, иштирокдорони иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ иштирок намуданд. Ҳамоиш бо ворид намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толор ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, дар он Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим, Сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ, ходимони намоёни давлатию ҷамъиятӣ Бозгул Додхудоева, Кароматулло Олимов, Хайриниссо Юсуфӣ ва дигарон доир ба аҳамияти иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тақвияти пояҳои давлатдории муосир ибрози назар намуданд.

Зикр шуд, ки иҷлосияи таърихӣ 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб дар шароити хеле мураккаби сиёсӣ ва барои миллати тоҷик сарнавиштсоз баргузор гардида, дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Маҳз бо баргузории Иҷлосияи таърихӣ дар мамлакат пояҳои давлатдорӣ тақвият ёфта, сохти конститутсионӣ барқарор шуд. Бо шарофати заҳматҳои шабонарӯзаи Сарвари давлат тамоми фирориён ба ватан баргардонида шуда, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ин санад ба муноқишаҳои дохилӣ хотима бахшид.

Дар кишвар дар доираи раванди корҳои бунёдкорию созандагӣ иншооти бузурги дорои аҳамияти стратегӣ, аз қабили роҳу нақбҳо, пулҳо, корхонаҳои азими саноатӣ, неругоҳҳои барқи обӣ ва дигар инфрасохтори барои кишвар зарурӣ бунёд гардида, ба рушди иқтисоди миллӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолии мамлакат такони ҷиддӣ бахшиданд.

Иштирокдорони ҳамоиш таъкид намуданд, ки маҳз бо шарофати баргузории иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии мамлакат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 30 соли охир Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Имрӯз ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, хусусан масъалаҳои марбут ба об ва тағйирёбии иқлим аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ҷонибдорӣ гардидаанд, ки бозгӯи мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлати Тоҷикистон- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои гуногуни глобалӣ мебошанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 11, 2022 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст