Дар Истанбул таркишҳо ба амал омада, се мошин оташ гирифт
ДУШАНБЕ, 17.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи сешанбе, 15 ноябр дар ноҳияи Фотиҳи Истанбул таркишҳо ба амал омаданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи Mynet хабар додааст.
Ба навиштаи сомона, мошини бомбагузоришуда дар кӯчаи Хоҷамустафо-пошо таркида, баъдан алангаи он ба мошинҳои ҳамсоя паҳн шудааст.
Гуфта мешавад, ки хадамоти оташнишонӣ фавран ба сӯхтор вокуниш нишон дода, алангаи онро зуд хомӯш кардаанд.
Дар бораи фавтидагон ва захмишудагон ҳоло маълумот дода нашуда, ҷузъиёти ҳодиса таҳқиқ карда мешавад.
Кӯчаи Хоҷамустафо-пошо ҳамагӣ панҷ километр дуртар аз майдони Султонаҳмад ҷойгир буда, дар он макон мавзеъҳои ҷолиби диққати асосии шаҳр — масҷиди Ая София ва Масҷиди кабуд воқеанд.
Ин таркиши дуюм дар Истанбул дар ҳафтаи охир аст. 13 ноябр дар кӯчаи Истиқлоли ноҳияи Бейоғлу ҳамлаи террористӣ рух дода буд. Бар асари он шаш кас кушта, 81 кас ярадор шуданд.
АКС: Pixabay








Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд






