Дар Москва ҷаласаи котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои иштирокчии ИДМ доир шуд

Ноябрь 4, 2022 10:29

ДУШАНБЕ, 04.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 3 ноябр дар шаҳри Москва ҷаласаи даҳуми котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои иштирокчии ИДМ баргузор гардид. Дар он Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Диққати махсус ба масъалаҳои муқовимат ба таҳдидҳо ба амнияти давлатҳои иштирокчии ИДМ, ки дар натиҷаи фаъолияти созмонҳои террористии байналмилалӣ дар қаламрави Афғонистон ба вуҷуд омадаанд, дода шуд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои муҳими амнияти минтақавӣ дар фазои ИДМ баррасӣ гардиданд. Дар маҷмӯъ чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти байналмилалӣ дар шароити муосир, аз ҷумла амнияти ҳастаӣ ва радиатсионӣ баррасӣ гардиданд.

Ҳамзамон масъалаҳои фаъолияти тахрибкоронаи ташкилоти ғайридавлатӣ ва воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ дар қаламрави давлатҳои ИДМ мавриди баҳс қарор гирифтанд.

Ғайр аз ин, тадбирҳои мубориза бар зидди аз нав шуҳрат ёфтани фашизм ва сохтакориҳои таърих дар фазои иттилоотии ИДМ баррасӣ шуданд.

Муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома таваҷҷуҳи шӯроҳои амнияти давлатҳои иштирокчии ИДМ-ро ба ҳамкории ҳамаҷониба дар ҳалли масъалаҳои мубрами таъмини амният нишон дод. Таклифҳои мушаххас ба миён гузошта шуданд, ки мақсад аз он вусъат додани ҳамкории давлатҳои ИДМ дар соҳаи бехатарӣ мебошад. Барои ҳамкории мақомоти салоҳиятдори кишварҳои ИДМ дар соли 2023 тадбирҳои ҳамоҳангшуда муайян карда шуданд.

Мубодилаи афкори доиршуда зарурати гузаронидани нишастҳои ҳарсолаи котибони шӯроҳои бехатарии ИДМ-ро тасдиқ намуд.

АКС: хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ

Ноябрь 4, 2022 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид