Дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ба ҳаракати «Фура» ва мошинҳои боркаши ядакдор маҳдудияти муваққатӣ ҷорӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 08.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ҳаракати мошинҳо дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ таъмин буда, танҳо ҳаракати нақлиёт, ба мисли «Фура» ва автомобилҳои боркаши ядакдор имконнопазир аст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бояд гуфт, ки дар айни замон ба ҳаракати «Фура» ва мошинҳои боркаши ядакдор муваққатан маҳдудият ҷорӣ шудааст. Дирӯз бориши пуршиддати барф ва бетафовутии баъзе ронандагон боиси ба вуҷуд омадани танбашавӣ дар километрҳои 48-73-юми роҳи Душанбе-Чаноқ ва муваққатан маҳдуд кардани гузариши нақлиёт гардид.
Ёдовар мешавем, ки барои фаъолияти муназзаму пурмаҳсул дар фасли зимистон дар намояндагии Варзоб 3700 тонна маводи зиддилағжиш, 315 тонна намак, 91420 литр сӯзишвории дизелӣ, 40 тонна ангишт, 10 метри кубӣ ҳезум, 4100 литр равғани молиданӣ, 2500 литр антифриз, 154 автошина, 38 аккумулятор захира карда шуда, 44 техникаву механизми барои ин мавсим пешбинишуда дар ҳолати омодабош қарор доранд.
Дар намояндагии Зарафшон низ ба мавсими сармо ҷиддӣ омодагӣ дидаанд. Захира шудани 5307 тонна маводи зиддилағжиш, 350 тонна намак, 43100 литр сӯзишвории дизелӣ, 1500 литр равғани молиданӣ, 1100 литр антифриз, 26 аккумулятор 100 автошина, 20 тонна ангишт, 15 метри кубӣ ҳезум, 132 ҷуфт либоси зимистона шаҳодати ин гуфтаҳост. Дар ин минтақа 31 техникаи махсус ба мавсими тирамоҳу зимистон омода мебошанд.
Чунин тарзи муносибат дар намояндагии филиали ширкат дар минтақаи Суғд низ ба роҳ монда шуда, 3200 тонна маводи зиддилағжиш, 347 тонна намак, 85720 литр сӯзишвории дизелӣ, 1075 литр равғани молиданӣ, 905 литр антифриз, 165 автошина, 33 аккумулятор, 298 ҷуфт либоси зимистона, 24 тонна ангишт, 20 метри мураббаъ ҳезум захира шудааст. 43 адад техникаву механизми марбут ба намояндагии зикршуда ба мавсими зимистон пурра омодаанд.
Баробари расидани иттилои нав оид ба вазъи роҳи мазкур маълумоти иловагӣ пешниҳод мегардад.
АКС: маркази матбуоти ширкати IRS








200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад






