Дар Самарқанд лоиҳаи нави «Робитаҳои энергетикии устувор дар Осиёи Марказӣ (SECCA)» ба роҳ монда шуд

Ноябрь 17, 2022 12:04

ДУШАНБЕ, 17.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 17 ноябр дар шаҳри Самарқанд бахшида ба робитаҳо миёни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ- «Глобал шлюз» ҳамоиш оғоз ёфт, хабар медиҳад Директори Радиои «Ховар» Саидҷаъфар Ашӯрзода аз макони рӯйдод.

Зимни ҳамоиш Иттиҳоди Аврупо (ИА) лоиҳаи нави «Робитаҳои энергетикии устувор дар Осиёи Марказӣ (SECCA)-ро роҳандозӣ намуд. Дар ҳамоиш намояндагони мақомоти давлатӣ ва коршиносони соҳаи энергетика аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ширкат доранд.

«Лоиҳаи SECCA бо буҷаи 6,8 миллион евро ба пешбурди тавозуни устувори энергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мутобиқи таҷрибаҳои пешрафтаи ИА равона шудааст. Аз ҷумла, ҳадафи лоиҳа таҳкими сиёсати миллӣ оид ба гузариш ба системаи устувори энергетикӣ ва баланд бардоштани сармоягузорӣ, иқтидор ва огоҳӣ дар соҳаи энергияи барқароршаванда ва самаранокии он дар минтақа мебошад», —  иттилоъ медиҳад манбаъ.

Ҳодисаҳои охир нишонаҳои мусбати робитаҳои эҳтимолии устувори энергетикиро дар Осиёи Марказӣ нишон медиҳанд. Дар робита ба афзоиши иқтисодӣ ва зиёдшавии аҳолӣ дар минтақа талабот ба неруи барқ ​​афзун мегардад.  Барои қонеъ кардани ин талабот сармоягузориҳои зиёд, ислоҳоти бозор ва рушди иқтидор заруранд.

Муовини директори генералии Мудирияти генералии шарикии байналмилалӣ (DGINTPA) Марет Ягер зикр кард, ки лоиҳа созишномаи сабзи аврупоӣ ва Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказиро роҳнамоӣ мекунад.

«Тибқи уҳдадориҳои ҳуҷҷати охир иқтидори офтобӣ, шамолӣ ва гидроэнергетикии минтақа барои мусоидат ба таҳкими устувори энергетикии минтақа, мусоидат барои ноил шудан ба ҳадафҳои иқлимии он, инчунин фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва имконияти соҳибкорӣ равона гардидааст. Дар айни замон иқтидори назарраси энергетикии устувори минтақа бинобар монеаҳои зиёди институтсионалӣ, молиявӣ, техникӣ ва иҷтимоӣ кам истифода мешавад. Лоиҳаи SECCA ҳамчун қувваи такондиҳанда барои  рафъи ин монеаҳо ва афзоиши истеҳсоли энергияи барқароршаванда ва самаранокии энергетикӣ дар минтақа хизмат менамояд»,- илова намуд  Марета Ягер.

Лоиҳаи SECCA инчунин масъалаи гендериро ба инобат гирифта, сиёсати гендерӣ ва қонунгузориро ҳам дар самти самаранокии энергия ва ҳам дар соҳаи энергияи барқароршаванда дастгирӣ мекунад. Он нақши занонро дар ин соҳа баланд мебардорад.

Дар кори ҳамоиш коршиносони лоиҳа ҳадафҳои SECCA-ро муаррифӣ намуда, дар бораи чорабиниҳои нақшавӣ ва натиҷаҳои он мубодилаи афкор хоҳанд кард.

Иштирокчиён нақша доранд, ки вазъи кунунӣ ва мушкилоти соҳаи энергетикаи устувор ва ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказиро  низ мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 17, 2022 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид