Дар Саридораи геология ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
ДУШАНБЕ, 04.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 4 ноябр дар толори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Саридораи мазкур.
Дар ҷаласаи тантанавӣ Сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода доир ба аҳамият, қабул ва ҳифзи ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ибрози андеша намуд.
Зикр шуд, ки қабули Конститутсияи нав дар рушди давлати тозабунёди тоҷикон навигарии муҳиму мондагори таърихие буд, ки ҳуқуқу озодиҳоро чун сарчашмаи асосии пешрафту комёбиҳои ҷомеа, поягузори суботи давлат, ваҳдату дӯстии халқу миллат бозгӯӣ кард.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муътабару муътамади бахтовару сарнавиштсоз тавонист ифодагари манфиатҳои мардум бошад ва миллати тоҷикро дар тамоми дунё муаррифӣ намояд. Он ҳадафи асосӣ ва аввалиндараҷаи Конститутсия- суботи конститусиониро муайян кард.


Конститутсияи давлати демократии мо ҳамеша қутбнамо ва ифодагари манфиатҳои волои халқи дорои таърихи бою рангинамон, манбаи асосии ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ, пешбарандаи ғояву арзишҳои миллии мардуми шарифи Тоҷикистон ва амаликунандаи умеду ормонҳои чандинасраи ниёгонамон буда, ҷавонон ва наслҳои ояндаро вазифадор месозад, ки ин арзиши муқаддасро дар кишвари азизи худ пойдор нигоҳ доранд.
Дар идомаи ҷаласа доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Акмал Неъматов дар мавзӯи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар эъмори давлати соҳибистиқлол” ва омӯзгори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлия Валиҷон Темиров дар мавзӯи “Конститутсия- асоси низоми ҳаёти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуданд.
Таъкид шуд, ки дар ҳақиқат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди давлатдории миллии тоҷикон нақши муассир дорад. Бинобар ин, эҳтироми Конститутсия ва арҷ гузоштан ба он бояд ба одати ҳар шаҳрванд табдил ёбад. Зеро, Конститутсия таҷассумгари моҳияти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавии давлат аст. Шаҳрвандон вазифадоранд, ки ҳар банди онро риоя кунанд, ҳуқуқу озодӣ, шарафу номуси дигаронро эҳтиром намоянд. Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем ба ҳадафи ниҳоии худ- бунёди давлати пешрафта ва мардуми дорои зиндагии шоиста бирасем.
АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд






