Дар Суди Олӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 24.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Суди Олӣ ба муносибати таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, ки зимни он Раиси Судӣ Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён Парчами кишварро ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон унвон намуда, гуфт, ки он дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ ба шумор меравад.
Таъкид гардид, ки қабули Парчами давлатӣ дар вазъияти ниҳоят мураккаби солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба мардуми мо рӯҳу тавони тоза бахшида, қувваҳои солими ҷомеаро муттаҳид сохт ва онҳоро неру бахшид, то таҳти парафшонии он оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш карда, қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва сохтори конститутсиониро дар кишвар барқарор намоянд.
Шермуҳаммад Шоҳиён изҳор дошт, ки дар ҷаҳони муосир ҳар давлати мустақилу соҳибихтиёр маҳз тавассути рамзҳои давлатии он, махсусан Парчами давлатиаш муаррифӣ мегардад, зеро онҳо нишонаи асосии давлатдорӣ ба шумор мераванд.
«Дар ҳақиқат мояи ифтихор аст, ки миллати тоҷик баъди асрҳо ба шарофати соҳибистиқлолӣ аз нав соҳиби Парчами давлатӣ шуда, таҳти роҳбарии оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому мартабаи хос гардид. Аз ин рӯ Парчами давлатии кишварамон дар қатори парчамҳои давлатҳои бонуфузи ҷаҳоние, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи онҳост, дар болои бинои сафоратҳо ва намояндагиҳои Тоҷикистон дар давлатҳои дигар партавфишонӣ мекунад»,-зикр намуд Ш.Шоҳиён.
Зикр гардид, ки Парчами давлатӣ мояи ифтихори сокинони Тоҷикистон, рамзи мустақилияти давлат, ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидона ва умед ба фардои ободу осуда буда, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба он қарзи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа дар назди таърих, наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки мутобиқи муқаррароти конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъйин шудааст, дар вазъияти тантанавӣ дар ҷамъомади судяҳо ва дар назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунад.
Дар болои бинои судҳо ва толору ҳуҷраҳои кории судяҳо гузошта шудани Парчами давлатӣ маънои онро дорад, ки суд дар ҷумҳурӣ ҳокимияти давлатиро амалӣ мекунад ва санадҳои судиро аз номи давлат қабул менамояд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид






