Дар Тоҷикистон то 27 ноябр ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад

Ноябрь 22, 2022 11:30

ДУШАНБЕ, 22.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тайи чанд рӯз аст, ки дар Тоҷикистон ҳаво бебориш буда, ҳарорат то 18 дараҷаро ташкил медиҳад. Ин гуна ҳаво то 27 ноябр идома ёфта, дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона аз 18 то 20 дараҷа гарм мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии мамлакат.

Дар вилояти Хатлон ҳарорат то имрӯз аз 16 то 19 дараҷаро ташкил медод. Аз 23 то 26 ноябр дар вилоят ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад.

Аз 23 то 27 ноябр дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш ҳукмфармо мешавад. Ҳаво дар водиҳо рӯзона 14 ва дар
ноҳияҳои кӯҳӣ 8 дараҷа гарм мешавад.

Ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро низ дар ин рӯзҳо ҳавои тағйирёбандаи бебориш  интизор аст. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо аз 7 то 18 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона  аз 4 дараҷа хунук ва то 1 дараҷа гарм, рӯзона 11 дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ тӯли ин рӯзҳо ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят рӯзона 6 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят 6 дараҷа хунук  мегардад.

Ба иттилои олимони соҳаи кишоварзӣ, ҳавои ин шабу рӯз ба деҳқонон имкон медиҳад, ки ҳосили дар саҳро бударо сари вақт ҷамъ оваранд. Зеро ҳоло мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта, биринҷ ва мевагиҳо мебошад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ доданд, ҳоло бо истифода аз рӯзҳои мусоиди офтобӣ кишоварзон ҳосили пахтаро беталаф ҷамъварӣ намуда истодаанд. То 18 ноябр дар ҷумҳурӣ 391 ҳазору 965 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5340 тонна зиёд мебошад.

Инчунин ҳосили умумии ғалладонагиҳои ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ то 18 ноябр беш аз 975 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2021 84577 тонна зиёд мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 22, 2022 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд