Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 15.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 14 ноябр дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавии ҳайати кормандони вазорат ва зерсохторҳои он ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мазкур хабар доданд.
Дар ҳамоиш муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Ашурбой Солеҳзода иброз дошт, ки «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ то ба имрӯз баҳри таъмини сулҳу субот, рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар ва мардуми Тоҷикистон ҳамчун давлати ташббускор дар самтҳои гуногуни рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ азму талошҳо намуда, ба дастовардҳои беназир ноил гардидаанд».
Дар ҳамоиш сардори Раёсати таъминоти ҳуқуқии вазорат Баҳодур Сафарзода ва сармутахассиси Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии вазорат Аҳад Хушвахтов оид ба ҷашнҳои мазкур маъруза намуданд.
Дар ҳамоиш ҳозирин зикр доштанд, ки ҷиҳати сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош варзида, тамоми неруи созандаи худро ба рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат равона менамоянд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






