Дар вилояти Хатлон маркази омӯзиши забони кореягӣ таъсис меёбад

Ноябрь 30, 2022 09:33

ДУШАНБЕ, 30.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав факулелти забони кореягӣ таъсис меёбад. Ҳамчунин дар вилояти Хатлон маркази омӯзиши забони кореягӣ ташкил карда мешавад. Бо мақсади рушди ҳамкории байниминтақавӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва бунёди корхонаҳои муштарак лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни вилояти Хатлон ва вилояти Кангвондои Кореяи Ҷанубӣ дар ҳолати коркард қарор дорад.

Дар ин хусус зимни мулоқоти Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Кореяи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донг Сок, ки 29 ноябри соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон доир гардид, иттилоъ дода шуд.

Зимни вохӯрӣ Раиси вилояти Хатлон иброз дошт, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея сол то сол рушд меёбанд, ки ин ба манфиати ҳар ду ҷониб буда, барои боз ҳам ривоҷ додани ҳамкорӣ дар вилоят имконоти зиёд мавҷуд аст.

Қурбон Ҳакимзода ба меҳмонон доир ба вилояти Хатлон, ки яке аз минтақаҳои калонтарин ва дорои захираю имкониятҳои васеи ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф мебошад, маълумот дода, гуфт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои рушди соҳибкорӣ ва махсусан барои соҳибкорони хориҷӣ тамоми шароити заруриро муҳайё кардааст.

Дар идомаи суҳбат тарафҳо масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ дар самти рушди муносибатҳои байналмилалӣ, соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, саноат ва кишоварзӣ, маориф, ҷалби соҳибкорони кореягӣ ба иқтисоди вилояти Хатлон, таҳкими муносибатҳои дӯстона байни минтақаву вилоятҳои ду кишвар, сайёҳӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷуҳро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон Квон Донг Сок ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои андешидани тадбирҳои амалӣ ҷиҳати рушди забони кореягӣ дар вилояти Хатлон изҳори сипос намуда, омодагии худро барои мусоидати ҳамаҷониба дар ин самт баён дошт.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Ноябрь 30, 2022 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд