Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии рафиқона бар Россия бо ҳисоби 10:7 пирӯз шуд
ДУШАНБЕ, 08.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бар барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо- дастаи мунтахаби футзали Россия бо ҳисоби 10:7 пирӯз шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бозии рафиқона миёни дастаҳои футзали Тоҷикистон ва Россия 7 ноябр дар Қасри теннис ва маҷмаи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Дар ҳайати дастаи мо Файзалӣ Сардоров чор гол, Идрис Ёров, Дилшод Саломов ва Бахтиёр Солиев дуголӣ заданд.
Имрӯз, 8 ноябр, дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон ва Россия дар Душанбе бозии дуюми рафиқона баргузор мекунанд.
Акс: ФФТ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






