ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар қаламрави Тоҷикистон 84 фоизро ташкил дод

Ноябрь 15, 2022 09:27

ДУШАНБЕ, 15.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки аз 1 октябр дар қаламрави кишвар ҷараён дорад, комиссияҳои давлатии вобаста ба даъват дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат давоми зиёда аз як моҳи сипаригашта иҷрои нақшаро дар ҷумҳурӣ ба 84 фоиз баробар намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Шурӯъ аз якуми октябри соли равон бо оғоз гардидани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар нахустин рӯзи даъват аввалин шуда дар ҷумҳурӣ шаҳру навоҳии ВМКБ аз иҷрои пурраи нақша гузориш доданд. Тайи чанд соли охир ин вилоят иҷрои нақшаро дар мамлакат пеш аз муҳлат ва дар рӯзҳои нахустини ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба итмом мерасонад.

Масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ бисёр фаъол буда, тақрибан 30 шаҳру ноҳияҳо нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро иҷро кардаанд.

Дар вилояти Хатлон чорабиниҳои даъватии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хеле хуб ҷараён доранд. Масъулини комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иҷрои нақшаро дар самти даъвату гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ то имрӯз ба 81 фоиз баробар намудаанд.

Дар баробари дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ гусели муҳофизони ояндаи Ватан дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ муташаккилона ҷараён дошта, иҷрои нақша дар ин гарнизони ҳарбӣ қариб 72 фоиз ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  94 фоизро ташкил медиҳад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 15, 2022 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот