Душанбе аз ҳамоиши минтақавӣ дар доираи ЭКСПО 2022– Рушди соҳибкории занон мизбонӣ намуд
ДУШАНБЕ, 18.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Алҳол дар Тоҷикистон қариб 80 ҳазор нафар занон ба соҳибкорӣ машғул буда, саҳми онҳо дар пешбурди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар хеле назаррас аст». Чунин зикр шуд дар ҳамоиши минтақавӣ, ки дар доираи ЭКСПО 2022 таҳти унвони «Рушди соҳибкории занон» имрӯз дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи байналмилалии занони соҳибкор, ки 20 ноябр таҷлил мешавад, баргузор гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, намояндагони Парлумон, вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ, роҳбарони ассотсиатсияҳои бонувони соҳибкор, шарикони рушд, коршиносони байналмилалӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва соҳибкорзанони муваффақи мамлакат иштирок намуданд.
Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён доир ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии занони соҳибкор ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо зикр намуд, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳибкорӣ дар байни занон тадбирҳои муассир ва саривақтӣ андешида шуда, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуданд. Ин бозгӯи сиёсати дурандешонаи Ҳукумати мамлакат ва Сарвари давлат дар самти дастгирии бонувони соҳибкор мебошад. Таҳия ва қабули барномаҳои давлатӣ ва консепсияҳо, хусусан таҳияи Барномаи рушди соҳибкории занон то давраи соли 2030 , инчунин пешниҳоди грантҳои президентӣ ба занони соҳибкори мамлакат барои пешбурди рушди соҳибкории хурду миёна ва рушди истеҳсолот шаҳодати ин гуфтаҳост.
Таъкид гардид, ки маҳз дар доираи эълони Панҷсолаи рушди саноат (2022-2026) дар мамлакат занони фаъоли соҳибкор дар бахши саноати сабук бештар фаъолияти худро густариш медиҳанд. Имрӯз занону бонувони муваффақи соҳибкори тоҷик дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат –саноати сабук, кишоварзӣ, сохтмон, хизматрасонӣ, сайёҳӣ, қаннодӣ, ҳунармандӣ фаъолияти арзишманд дошта, на танҳо дар рушди иқтисоди мамлакат, балки дар беҳдошти вазъи иҷтимоиии хонаводаи худ нақши муассир мегузоранд.
Дар ҳамоиш ҳамзамон раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, роҳбари дафтари занони СММ дар Тоҷикистон Азиза Ҳомидова, намояндаи Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Ленни Монтиел доир ба рушди соҳикборӣ миёни занон, фароҳам овардани шароити мусоид ва дастгирии занони соҳибкор, инчунин тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар ин самт ибрози назар намуданд.
Ҳадафи баргузории ҳамоиши минтақавии занони соҳибкор дар Душанбе — баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тақвияти фаъолияти соҳибкории бонувони ташаббускори тоҷик, инчунин тавсеаи дастрасии занон ба малакаҳои зарурӣ, рушд ва дастгирии ҳунармандӣ миёни занон, аз ҷумла дар бахши саноати сабук маҳсуб мешавад.
Дар доираи ЭКСПО 2022– Рушди соҳибкории занон як зумра соҳибкорзанони фаъоли ҷумҳурӣ барои саҳми арзанда дар рушди соҳибкорӣ дар мамлакат ва таъсиси ҷойҳои корӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии соҳибкории занон бо сипосномаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Ҳамоиш дар се бахш дар мавзӯъҳои «Фаъолияти соҳибкории бонувони тоҷик: вазъияти кунунӣ ва дурнамои рушд», «Рушди соҳибкории иҷтимоӣ ва саҳми шахсони имконияташон маҳдуд дар рушди иқтисодиёти кишвар», «Соҳибкории занон дар марҳилаи дигаргуншавӣ» ва «Соҳибкории занон: комёбиҳо ва бартарафсозии монеаҳо» идома намуда, дар онҳо роҳҳои рушди соҳибкорӣ миёни занон, бартараф намудани монеаҳое, ки ба рушди соҳибкории бонувон халал эҷод менамоянд ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди соҳибкорӣ доир гардид.
Дар анҷом иштирокдорони ҳамоиши минтақавӣ оид ба беҳтар намудани имконият барои соҳибкории занон ва тадбирҳои дастгирии давлат барои пешбурди соҳибкории занон тавсияҳо қабул намуданд.
Дар ҳошияи ҳамоиш намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумии занони соҳибкори мамлакат ба маърази тамошо гузошта шуд.
Марзия САИДЗОДА,
Тоҳир САИД (АКС)
АМИТ «Ховар»




















Доир ба имконоти рушди устувор ва сайёҳии экологии Резервати биосферии «Ромит» конфронси илмӣ баргузор гардид
Иҷрои «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» натиҷагирӣ гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи беш аз 836 миллион доллар сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардидааст
Воридоти панелҳои офтобӣ ба Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад
Ғолибони озмуни «Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ» қадрдонӣ шуданд
Ҷаласаи муштараки кумитаи ҳамоҳангсози Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз ва Шурои машваратии андозсупорандагон баргузор шуд
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон иҷрои низоми иттилоотии АСИКУДА баррасӣ гардид
Дар Бадахшон маросими ҷоизасупорӣ ба фаъолони соҳаҳои саноат, ҳунармандӣ, сайёҳӣ ва занбӯриасалпарварӣ доир шуд
Соли 2026 Кодекси энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегардад
Лоиҳаи «Барномаи маърифат ва фарҳанги экологӣ барои солҳои 2026–2030» муаррифӣ гардид
БЕМАСЪУЛИЯТӢ ДАР ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ. Корманди зеристгоҳи барқӣ қувваи барқро ғайриқонунӣ истифода менамояд
Иҷрои Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ баррасӣ гардид






