ФАО СММ: Нархи маводи мавриди ниёзи аввал дар Тоҷикистон муътадил гардид
ДУШАНБЕ, 09.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нархи маводи мавриди ниёзи аввал аз моҳи июл то сентябри соли 2022, аз ҷумла орди гандум ва равғани растанӣ дар Тоҷикистон нисбат ба семоҳаи қаблӣ муътадил гардид. Арзиши сабади якмоҳаи озуқавории истеъмолӣ (қобилияти харидорӣ) дар семоҳаи охир аз 1.720 то ба 1.670 сомонӣ арзон шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дар ҳисоботи семоҳаи Барномаи умумиҷаҳонии ғизои СММ гуфта шудааст.
Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) иттилоъ дод, ки моҳи октябр нархҳои ҷаҳонии озуқаворӣ ба таври васеъ муътадил буданд ва нархи баланди зироати ғалладонагӣ бинобар поин рафтани арзиши дигар маҳсулоти асосии ғизоӣ ҷуброн карда шуд.
Моҳи октябр Индекси нархҳои озуқаи ФАО, ки тавассути онҳо ҳар моҳ тағйирёбии нархҳои ҷаҳонии маводи ғизоии серталабро назорат карда мешаванд, ба ҳисоби миёна 135,9 нуқтаро ташкил дод, ки каме поёнтар аз арзиши моҳи сентябр буд. Баъд аз навкунии охирин арзиши ин шохис 14,9 дарсад поёнтар аз ҳадди баландтарини таърихияш аст, ки моҳи марти соли 2022 ба он расида буд, аммо дар ҳар сурат аз сатҳи октябри соли 2021 2,0 дарсад боло буд.
Шохиси нархи ғалладонагии ФАО дар ин моҳ 3,0 дарсад афзоиш ёфт. Нархи гандум дар ҷаҳон 3,2 дарсад боло рафт, ки асосан ба далели номуайянӣ дар атрофи ташаббуси ғаллаи баҳри Сиёҳ ва инчунин таҷдиди коҳиши ҳаҷми таъминот дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрикост.
Дар назар аст, ки ҳаҷми савдои ҷаҳонии ғалла дар мавсими солҳои 2022-2023 2,2 дарсад коҳиш ёфта, ба 469 миллион тонна расад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
Акс: ФАО СММ








Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад






