Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Иттиҳоди футболи Россия Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд

Ноябрь 16, 2022 16:55

ДУШАНБЕ, 16.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр дар Душанбе миёни Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Иттиҳоди футболи Россия Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид. Созишномаро ноиби аввали президенти ФФТ Хуршед Мирзо ва дабири кулли ИФР Максим Митрофанов имзо карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо ва дабири кулли Иттиҳоди футболи Россия Максим Митрофанов роҳҳои густариши ҳамкории ду федератсияи миллиро баррасӣ намуда, ҳамчунин доир ба баргузории бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии ду кишвар ба мувофиқа расиданд.

Дар доираи Ёддошти имзошуда дабири кулли ИФР Максим Митрофанов барои тақвияти ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳавасмандӣ зоҳир намуда, ба рушди футболи тоҷик дар солҳои охир баҳои баланд дод.Митрофанов инчунин ба Федератсияи футболи Тоҷикистон барои истиқболи самимии ҳайати ИФР ва дастаи миллии Россия дар Душанбе изҳори сипос кард.

Қобили зикр аст, ки 17 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Россия баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 20:00 оғоз мегардад. Дар сатҳи тимҳои миллӣ дастаҳо бори аввал бо ҳам вомехӯранд.

Акс: ФФТ

Ноябрь 16, 2022 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад