ФУТБОЛ. Дастаи ММВЗО «Солор» барандаи медали тиллои чемпионати Тоҷикистон (U-13) гардид

Ноябрь 6, 2022 09:14

ДУШАНБЕ, 06.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе қисми ниҳоии чемпионати Тоҷикистон байни наврасони то 13-сола оид ба футбол ба поён расид. Медалҳои тиллоро дастаи ММВЗО «Солор» соҳиб шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар қисми ниҳоии чемпионати Тоҷикистон миёни наврасони то 13-сола 10 даста, ки дар марҳилаи муқаддамотӣ ба ду гурӯҳ тақсим шуда буданд, ширкат карданд.

Дар гурӯҳи «А» дастаҳои ММВЗО «Солор» (Душанбе), «Суғд-2» (вилояти Суғд), Мактаби варзишии кӯдакону наврасон (Панҷ), «ФК Сити» (Душанбе) ва «Ваҳдат» бозӣ карданд.

Дар гурӯҳи «Б» бошгоҳҳои «Помир» (Хорӯғ), МД МВ (Кӯлоб), «Суғд-1» (вилояти Суғд), Мактаби варзишии кӯдакону наврасон (Ҷалолиддини Балхӣ) ва ММВЗО (Душанбе) бо ҳам мубориза бурданд.

Бозиҳо дар зергурӯҳҳо аз рӯйи системаи гурӯҳӣ дар як давр гузаштанд. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври 1/2 ниҳоӣ баромаданд ва муборизаро барои медалҳо идома доданд.

Дар бозӣ барои ҷойи сеюм дастаҳои «Суғд-1» ва «ФК Сити» вохӯрданд. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт. Дар зарбаҳои пеналтӣ бахт ба сӯи наврасони вилояти Суғд хандид – 7:6.

Дар қувваозмоии финалӣ бачаҳои ММВЗО «Солор» бар ҳамсолони худ аз Мактаби варзишии кӯдакону наврасони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 3:0 ғалаба карданд.

Дар маросими ҷамъбастии мусобиқа директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров, директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков, сармураббии дастаи «Истиқлол» Алишер Тухтаев, мураббии «Файзканд» Алӣ Назарзода ва меҳмонони дигар ширкат доштанд.

Дар мусобиқот Мансур Ҳотамов («Суғд-1»), Билол Киревв («ФК Сити»), Абдураҳмони Абубакр (ММВЗО «Солор») ва Умедҷон Муборов (МВКН-и Ҷалолиддини Балхӣ) беҳтарин бозигарони чемпионат дар ҳайати дастаҳои худ эълон шуданд.  Ҷоизаи нишонзани беҳтарин насиби Мухаммад Қаҳҳоров (ММВЗО «Солор»), ки 9 гол задааст. Беҳтарини бозигари мусобиқа Шаҳром Назиров аз МВКН-и Ҷалолиддини Балхӣ эътироф шуд.

Акс: ФФТ

Ноябрь 6, 2022 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид