ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БО ДИАБЕТИ ҚАНД. Дар саросари ҷаҳон беш аз 500 миллион нафар аз ин беморӣ ранҷ мебаранд

Ноябрь 14, 2022 14:00

ДУШАНБЕ, 14.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мубориза бо диабети қанд таҷлил мегардад. Дар ҳамин робита хабарнигори АМИТ «Ховар» вобаста ба нишонаҳо, омилҳои гирифторӣ ва пешгирии ин беморӣ бо табиби эндокринолог Мунира Мираҳмедова ҳамсуҳбат гардид.

Диабети қанд чӣ гуна беморист?

Диабети қанд бемориест, ки дар натиҷаи вайроншавии мубодилаи қанд дар организм ташаккул меёбад. Дар ин беморӣ ҳормони «инсулин» ё тавлид намешавад ва ё ба шакли зарурӣ фаъолият намекунад. Инсулин барои табдил ёфтани қанди таркиби хун ва ғизоҳо ба энергия хизмат мекунад. Дар шахсони гирифтори ин беморӣ бо далели он ки инсулин камбудӣ дорад ва ба хубӣ амал намекунад, қанд (глюкоза) дар хун то сатҳи хатарнок боло меравад. Аз ин рӯ диабети қанд яке аз мушкилоти ҷиддии ҷаҳонии тандурустӣ мебошад. Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), дар саросари ҷаҳон беш аз 500 миллион нафар аз он ранҷ мебаранд.

Диабети қанд ду намуд мешавад. Навъи якумро ба инсулин вобаста мегӯянд- зеро бетаҳуҷайраи ғадуди меъдаи ин гуна беморон инсулин ҳосил намекунад ё миқдори ҳосилашон кам аст. Бемории диабети қанди навъи дуюмро новобаста аз инсулин меноманд- чунки бетаҳуҷайраи ғадуди зери меъдаи ин гуна беморон инсулин ҳосил мекунад. Аммо дар ин гуна беморон инсулин вазифаи худро иҷро карда наметавонад. Аз ин хотир миқдори қанд дар хун зиёд мешавад.

Омилҳои гирифтор шудан ба ин беморӣ дар чист?

Сабабҳо ва омилҳои гирифтор шудан ба бемории диабети қанд хеле зиёданд. Ин беморӣ ирсӣ низ мебошад. Яъне бемории диабети қанд- ин бемории генетикиест, ки аз насл ба насл мегузарад. Омилҳои дигар- ҳолатҳои зиёди стресс, қабули аз меъёр зиёди хӯрок ва камҳаракатӣ мебошанд.

Тавре дар маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки тибқи таҳлилҳои Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологии Вазорати тандурустӣ солҳои охир ин беморӣ дар байни ҷавонон бештар дида мешавад. Сабаби паҳн гаштани бемории диабети қанд на танҳо ирсият, балки ҳолати равонии инсон ва истеъмоли хӯрокҳои гуногун низ мебошад.

Диабети қанд чӣ нишонаҳо дорад?

Нишонаҳои аввалини беморӣ- хушк шудани даҳон, ташнагӣ –яъне талабот ба обнӯшӣ зиёд шуда, пешоб низ меафзояд. Нишонаҳои дигар- нозук шудан ва афтидани дандонҳо, дер шифо ёфтани захмҳо ва ғайра мебошанд. Бояд дар хотир дошт, ки бемории диабети қанди навъи дуюм метавонад бе аломат пайдо шавад. Аз ин хотир шахсони аз 40-сола боло бояд камаш соле як ё ду маротиба аз санҷиши қанди хун гузаранд.

Чӣ бояд кард, то гирифтори ин беморӣ нашавӣ

Ҳар инсон бояд тарзи ҳаёти солимро пешаи худ созад. Яъне бояд ба варзиш машғул шуда, меваю сабзавотро бештар истеъмол намуд. Сайру гашт дар ҳавои тоза низ хеле муфид аст. Инчунин бояд аз хӯрокҳои зудтайёр ва ё таоми дуюм худдорӣ кард.

Агар инсон дар худ нишонаҳои ин бемориро мушоҳида намояд, ҳатман ба табиби эндокринолог бояд муроҷиат намояд. Дар ҳолати мубтало гардидан ба ин беморӣ инсон бояд аз худтабобаткунӣ худдорӣ намояд. Худсарона истифода бурдани дорувориҳо аз тарафи шахсон қатъиян манъ аст. Инсон бояд доир ба ин беморӣ ва оризаҳои он маълумоти бештар пайдо намояд. Асабоният бадтарин омил барои гирифторони ин беморӣ мебошад. Пас, беморон бояд ҳатман аз асабонӣ шудан худро канор гиранд.

Оё ин беморӣ табобатшаванда аст?

Диабети қанд бемории табобатшаванда аст. Вале он пурра нест намешавад. Бемории диабети қанд мисли бемории баландшавии фишори хун ва баланд шудани чарбуҳои хун табобати доимӣ талаб мекунад. Дар сурати сари вақт табобат шудан ҷараёни беморӣ метавонад сабук гузарад ва оризаҳои беморӣ камтар шаванд.

Барои он ки қанд дар организм баланд нашавад, бояд аз истеъмоли хӯрокҳои бирён, сахт ва шӯр парҳез намуд.

Парҳез кардан- муборизаи асосӣ бар зидди ин беморист. Беҳуда нагуфтаанд, парҳез- бархез. Яъне агар аз аз чизҳои зарарнок худдорӣ кунем, сари вақт шифо ёфта, тансиҳат мегардем.

Агар табиб ба шумо доруҳоро тавсия дода бошад, онро сари вақт истеъмол намоед. Шахсони гирифтори ин беморӣ бояд таҳти назорати доимии табибони эндокринолог, офталмолог, кардиолог ва нефролог бошанд ва маводи дорувории тавсиянамудаи мутахассисонро худсарона қатъ накунанд. Беҳтарин чиз барои беморон- машғул шудан ба варзиш мебошад. Инчунин таом ва хӯришҳои сабзавотӣ аз карам, гулкарам, шалғам, помидор, каду ва сабзиро бояд бештар истеъмол намуд.

Дар Тоҷикистон «Мактаби диабет» фаъолият мекунад

Дар Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат «Мактаби диабет» барои кӯдакон ва калонсолон фаъол мебошад, ки чунин мактабҳо дар назди марказҳои саломатии мамлакат низ мавҷуданд. Дар ин мактабҳо тарзи дурусти истеъмоли ғизо ва паст кардани омилҳои хатар омӯзонида мешаванд.

Дар Тоҷикистон инсулин ройгон аст

Беморони диабети қанд барои муътадил нигоҳ доштани сатҳи қанди хун бояд ҳамарӯза инсулин ва доруҳои қандпасткунанда қабул кунанд. Барои табобати ин беморӣ дар ҷумҳурӣ таъмини ройгон бо инсулин ва воситаҳои инсулингузаронӣ ба роҳ монда шудааст. Беморон метавонанд инсулинро аз марказҳои эндокринологии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастрас намоянд. Таъминоти беморон бо инсулин ва воситаҳои инсулингузаронӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва қисман аз ҳисоби шарикони рушд ба роҳ монда шудааст.

Ҳамчунин аз ҷониби мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ дар ин рӯз машварат, муоина ва чорабиниҳои ташхисӣ, ба монанди ултрасадо, сабти барқи дил ва санҷиши қанди хун ба таври ройгон анҷом дода мешаванд. Инчунин барои кӯдакон ва наврасони гирифтори диабети қанд туҳфаҳо тақдим гардида, чорабиниҳои фароғатӣ ба нақша гирифта мешавад.

Боқӣ ба шумо саломатӣ хоҳонем.

Фирӯза ДАВЛАТОВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Ноябрь 14, 2022 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИМИИ МИЛЛАТ-БОИГАРИИ ДАВЛАТ. Соли равон беш аз 87 ҳазор зан аз ташхиси фаросавтӣ гузашт
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ: «Эълон оид ба пардохти маблағ аз ҷониби вазорат асоси воқеӣ надорад»
Дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ Маркази дандонпизишкӣ ба истифода дода шуд
Соли равон дар Тоҷикистон 34 муассисаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Панҷ иқдоми «Тобистони бехатар дар обҳо» гузаронида шуд
Дар ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Панҷакент оқибатҳои офати табиӣ бартараф карда мешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Бо ташаббуси Вазорати адлия дар ноҳияи Муъминобод бо сокинон вохӯрӣ доир гардид
Дар Бадахшон дар шаш моҳи соли равон ҳиссаи пасандозҳои шахсони воқеӣ 19 фоиз зиёд гардидааст
Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ховар» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор шуд
Чӣ бояд кард то дар фасли тобистон кӯдакон ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор нашаванд?
Дар Душанбе пойгоҳи миллии ройгон барои ҷустуҷӯи кор ва коргарон муаррифӣ гардид
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» неру ва тавоноии Артиши миллиро тақвият мебахшад