ҶИНСИЯТ МУҲИМ НЕСТ, АСОС — СИФАТИ КОР. Фардо дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2022 ҳодисаи таърихӣ рух медиҳад
ДУШАНБЕ, 30.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Стефани Фраппари фаронсавӣ аввалин зане хоҳад буд, ки дар бозии чемпионати ҷаҳон оид ба футбол миёни мардон ба ҳайси сардовар ҳакамӣ менамояд. Вай ба бозии даври 3-юми марҳилаи гурӯҳӣ миёни дастаҳои мунтахаби Олмон ва Коста-Рика, ки 1 декабр баргузор мешавад, сардовар таъйин шудааст. Ба ӯ доварони канорӣ Карен Диас аз Мексика ва Неуз Бакк аз Бразилия кумак мекунанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Championat.com.
Фраппар соли 2019 бозии Суперҷоми УЕФА миёни Ливерпул ва Челсиро доварӣ карда, аввалин довари зане гардид, ки дар мусобиқаи бузурги УЕФА бо иштироки мардон кор кардааст. Вай инчунин бозиҳои чемпионати Фаронса ва Лигаи чемпионҳоро доварӣ кардааст.
Пеш аз даври охирин дар гурӯҳи «Е» дастаи мунтахаби Испания бо чор имтиёз пешсаф аст, дастаҳои мунтахаби Ҷопон ва Коста-Рика 3-имтиёзӣ доранд, олмониҳо дар ин гурӯҳ бо 1 имтиёз дар охир ҷой гирифтаанд.
АКС: AlJazeera










ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 апрел, чоршанбе, 91-умин рӯзи соли 2026 аст
БАР ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ! Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд Наврӯз бо риояи анъанаҳои хоси ниёгонамон таҷлил шуд
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд






