Комиссияи доимамалкунанда арзёбии мавқеи Тоҷикистонро дар рейтингҳои байналмилалӣ баррасӣ намуд

Ноябрь 10, 2022 08:35

ДУШАНБЕ, 10.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9 ноябр дар Душанбе таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ҷаласаи нахустини Комиссияи доимамалкунанда оид ба баррасӣ ва арзёбии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтингҳои  байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа роҳбарони аввали вазорату идораҳои давлатӣ, мақомоти судӣ ва қудратӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва дигар аъзои комиссия ширкат варзиданд.

Дар ҷаласа мақсад ва вазифаҳои комиссия, ҳайати он, гузориш оид ба раддабандиҳои байналмилалӣ ва нақшаи кори Комиссияи доимамалкунанда оид ба баррасӣ ва арзёбии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ барои солҳои 2022-2023 баррасӣ гардида, аз натиҷаи он қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода оид ба мавқеи кишвар дар раддабандиҳои байналмилалӣ гузориш дод.


Ҳамчунин дар чорабинӣ роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа тариқи маҷозӣ иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи бистуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ таъкид намуданд, ки «воқеан,  ташкили рейтинги миллӣ ҳамчун низоми баҳогузории рушди иқтисодии маҳал ба баланд бардоштани масъулияти мақомоти маҳаллӣ, натиҷаҳои фаъолияти онҳо, паҳн намудани таҷрибаи пешқадами идоракунӣ дар сатҳи минтақавӣ, арзёбӣ ва муайян намудани мушкилоти соҳибкорон, инчунин идомаи ислоҳот мусоидат менамояд».

Бинобар ин, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш доданд, ки якҷо бо Агентии омор, Кумитаи рушди маҳал, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати мунтазам гузаронидани арзёбии миллии фазои сармоягузорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, натиҷаҳои рейтинги миллии фазои сармоягузориро дар кишвар муайян намоянд.

Акс: ВКХ ҶТ

Ноябрь 10, 2022 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид