Kyodo: Вазири корҳои хориҷии Ҷопон эҳтимол бо ҳамтоёнаш аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мулоқот мекунад
ДУШАНБЕ, 21.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷопон Ёшимаса Ҳаяшӣ имкони баргузории музокирот бо ҳамтоёни худ аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистонро дар нимаи дуюми моҳи декабр дар Токио меомӯзад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора рӯзи якшанбе бо такя ба манобеъ агентии Kyodo хабар додааст.
Тавре агентӣ таъкид мекунад, минтақаи Осиёи Марказӣ аз лиҳози ғанӣ будан аз захираҳои табиӣ ва инчунин ҳамсоягӣ бо Россия ва Чин дорои аҳамият аст.
Ҳаяшӣ дар мулоқот бо ҳамтоён ният дорад оид ба идомаи ҳамкории иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон сухан гӯяд.
Қобили зикр аст, ки Ҷопон ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби кумаки расмии рушд (КРР) дар бахшҳои зерсохтор, тандурустӣ, беҳдошт, некӯаҳволии мардум, омӯзиш ва такмили ихтисос мадад мерасонад.
Маориф ва рушди захираҳои инсонӣ яке аз самтҳои муҳими рушди Тоҷикистон ба шумор рафта, мутахассисони Тоҷикистон дар давраҳои гуногуни омӯзишӣ дар Ҷопон ширкат мекунанд. Лоиҳаи грантии Ҷопон оид ба рушди захираҳои инсонӣ дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқ, иқтисод ва менеҷмент, инчунин Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар рушди иқтисод ва иҷтимоиёти Тоҷикистон саҳми мусбат мегузоранд.
Акс: AP








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






