Миёни Вазорати маориф ва илм ва ЮНЕСКО Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 09.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО дар бораи дастгирии татбиқи Ҳадафи 4 дар соҳаи рушди устувор (Таъмини таҳсилоти фарогир ва боадолатона ва ҳавасмандгардонии имконияти таълим дар тӯли тамоми ҳаёт барои ҳама) ба имзо расонида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ёддошти мазкурро Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ва иҷрокунандаи вазифаи Мудири минтақавии ЮНЕСКО дар Алмато Магнус Магнуссон ба имзо расониданд.
Зимни имзои Ёддошт таъкид гардид, ки ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкорӣ дар самти маориф ва илм аз ҷониби ЮНЕСКО пешниҳод гардидааст, ки барои такмили ҳамкорӣ дар самти маориф ва татбиқи Ҳадафи 4-уми Рушди Устувор Ёддошти тафоҳум миёни ин созмон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шавад.
Ёддошти тафоҳуми мазкур доираи ҳамкорӣ миёни ЮНЕСКО ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар татбиқи муштараки Стратегияи миллии рушди маориф барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор 4 – Рӯзномаи «Маориф 2030» муайян менамояд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон










35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






