Мухолифат миёни толибон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад
ДУШАНБЕ, 10.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳукумати толибон ҳарчӣ бештар мушкилот сар мезанад. Бесалоҳиятии мақомоти нави афғон хатари содироти бесуботиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пай дорад. Дар ин бора Директори маркази зиддитеррористи (МЗТ) ИДМ Евгений Сисоев дар ҷараёни конфронси Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ дар Тошканд изҳор дошт, хабар медиҳад хабаргузории русии Sputnik.
Ба гуфтаи ӯ, мухолифат миёни гурӯҳҳои мӯътадил ва радикалии толибон ояндаи наздик боиси он хоҳад шуд, ки ба аъзои ин ҷунбиш зери назорат нигоҳ доштани вазъият дар кишвар хеле душвор мегардад.
Амиқтар шудани ин мухолифат ба бештар гардидани фишорҳои иқтисодӣ ва сиёсии Ғарб мусоидат хоҳад кард, чунин мешуморад Евгений Сисоев. Алалхусус, сухан дар бораи муҳайё кардани шароит барои мустаҳкам намудани гурӯҳи ҷиноии «Шабакаи Ҳоққонӣ»* меравад, ки қисми оштинопазиртарини ҳаракати толибон мебошад.
Ба ғайр аз «душманони дохилӣ» ба ҳукумати толибон инчунин террористони берунии «Давлати исломӣ»* (ДОИШ* ё ДИ*), ки дар шимоли мамлакат ҳарчӣ бештар афзуда истодаанд, таҳдид мекунанд.
Омилҳои дигари хатар, чунин мешуморад Сисоев, ин бад шудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон, хуруҷи шумораи зиёди аҳолӣ ба хориҷи кишвар, зиддияти қавмӣ ва иҷтимоӣ, инчунин авҷ гирифтани ҷиноятҳои фаромарзӣ ва қочоқи маводи мухаддир мебошанд.
Тибқи таҳлили Директори МЗТ, дар сурати аз уҳдамаи идораи давлатдорӣ набаромадани ҳукумати толибон қисмати зиёди Афғонистон зери таъсири гурӯҳҳои террористӣ қарор гирифта, таҳти идораи муҷоҳидони маҳаллӣ ва гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ қарор хоҳад гирифт.
Ин, дар навбати худ, ба содироти бесуботӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳудуди кишварҳои узви ИДМ ва СҲШ оварда мерасонад,-хулоса намуд Сисоев.
_________________
* Ташкилоти террористие, ки дар Тоҷикистон мамнуъ мебошанд
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: eurasiatoday.ru








Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд






