«НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ ХVI ШӮРОИ ОЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиш ифтитоҳ ёфт

Ноябрь 4, 2022 08:39

ДУШАНБЕ, 04.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 30-юмин солгарди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» намоиш ифтитоҳ гардид, ки то 30 ноябр идома меёбад.

«Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон мусаввараю нигораҳои инъикоскунандаи раванди Иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ, аксҳои таърихӣ, китобу маҷаллаҳо пешниҳод шудаанд, ки ҳамагӣ аҳамияти таърихӣ ва тарбиявӣ доранд. Ин нигораҳои таърихӣ аз раванди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ва хизматҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисса мекунанд»,- иброз дошт сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба мухбири АМИТ «Ховар».

Намоиш аз гӯшаи аксҳои таърихӣ оғоз мегардад, ки дар онҳо раванди иҷлосия аз ҷониби суратгир Бобоҷонов И.М. аксбардорӣ шудааст. Инчунин нигораҳо аз ҷараёни Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ, аз ҷумла нахустин Парчами давлатӣ, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ қабул ва тасдиқ гардид ва онро Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигарон бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ бӯса карданд, ҳамчун дигар ашёи нодири таърихӣ ба намоиш бароварда шудаанд.

Дар намоиш инчунин асарҳои офаридаи рассомон Ҷураев Ғ. «Савганди ҷовидонӣ», Рабиев О. «Сулҳ – мақсади асосӣ!», Ғаюров Б. «Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ғаюров К. «Симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», Абдуқодиров М., Раҳимов Р. «Симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», Фозилов Р. «Дуои модар» ва «Президент» пешниҳод шудаанд.

Дар намоиш тавассути оинаи нилгун филмҳои мустанад оид ба Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, ки аз раванди ин иҷлосияи тақдирсози кишвар қисса мекунанд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Ноябрь 4, 2022 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад