Нақши Пешвои миллат дар барқароркунии сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон бузург аст
ДУШАНБЕ, 16.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули хизмати давлатӣ дар Тоҷикистон»- таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши хизматчиёни давлатӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Дар ҳамоиш зикр шуд, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ халқи тоҷик давраи басо мушкилро паси сар намуда, бо душвориҳои зиёд рӯ ба рӯ гардид. Барои ташаккули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят калон мебошад, зеро Сарвари давлат кишварро аз парокандагӣ ва миллатро аз вартаи нестӣ раҳо намуданд.
Маҳз бо шарофати баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба дӯш гирифтанд ва дар мамлакат сохти конститутсионӣ барқарор гардид. Баъди чандин марҳилаҳои мушкили сулҳофарӣ ва расидан ба Ваҳдати миллӣ таҳти сарварии Роҳбари давлат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди созандагию ободонӣ ва таҳррезию татбиқи ҳадафҳои стратегию созандаи рушд ва рушди устувор оғоз гардид.
Дар ҳамоиш ҳамзамон доир ба аҳамияти баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Пешвои миллат дар ташаккули давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории муосири миллӣ ибрози назар карда шуд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






