ҚОЛИНЕ БО АРЗИШИ СЕСАД ҲАЗОР СОМОНӢ! Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти Эрон оғоз ёфт

Ноябрь 3, 2022 11:43

ДУШАНБЕ, 03.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Қолине, ки дар он ҳамаи шоҳони эронинажод ва воқеаҳои таърихии Эрон тасвир ёфтаанд, имрӯз дар намоиш-фурӯши маҳсулоти Эрон дар «Кохи Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо нархи 300 ҳазор сомонӣ ба фурӯш гузошта мешавад, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Андозаи қолини мазкур 1,5 ба 3 метр буда, дар он тамоми шоҳони эронинажод бо номҳояшон, лаҳзаҳои муборизаи қаҳрамонон барои ҳифзи сарзамини худ ва дигар лаҳзаҳои таърихи ин давлат тасвир ёфтаанд. Инчунин дар қолин нақше ҷой дода шудааст, ки аз аҳли илму фарҳанг будани гузаштагони ин миллатро шаҳодат медиҳад.

Дар намоиш-фурӯш дар шаҳри Хуҷанд ҳамзамон қолинҳои дигаре ҳастанд, ки нақшҳои ҷолиби ҳаводиси гузашта, имрӯза ва зиндагию табиати нодири сарзамини Эронро бозгӯӣ мекунанд.


Яке аз ҳунарҳои дигаре, ки дар намоиш диққати бештарро ҷалб мекунад, ин  заргарист. Дар ин намоиш аз мис ва нуқра ангуштарин, гӯшвор, гарданбанд, дастпона, тӯмор ва амсоли ин барин зеварҳои маъмулии занона пешниҳод гардидаанд, ки бештарашон бо санги фирӯза оро ёфтаанд.

Ҳамчунин дар намоиш маҳсулоти марбут ба ҳунарҳои кулолгарӣ, кандакорӣ, заргарӣ, мисгарӣ, пайкарасозӣ, муқовасозӣ, қолинбофӣ, гулдӯзӣ, хушнависӣ, ресандагӣ, бофандагӣ, либоси миллӣ, миниатюра, китобҳо, аксу мусаввараҳои мавзеъҳои табиӣ ва ёдгориҳои таърихии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба тамошо гузошта шудаанд.


Бояд гуфт, ки намоиши мазкур 1 ноябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон  ифтитоҳ гардида буд.

Ёдовар мешавем, ки 31 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд, ки то 6 ноябр идома меёбанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Ноябрь 3, 2022 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад