ҚОЛИНЕ БО АРЗИШИ СЕСАД ҲАЗОР СОМОНӢ! Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти Эрон оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 03.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Қолине, ки дар он ҳамаи шоҳони эронинажод ва воқеаҳои таърихии Эрон тасвир ёфтаанд, имрӯз дар намоиш-фурӯши маҳсулоти Эрон дар «Кохи Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо нархи 300 ҳазор сомонӣ ба фурӯш гузошта мешавад, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Андозаи қолини мазкур 1,5 ба 3 метр буда, дар он тамоми шоҳони эронинажод бо номҳояшон, лаҳзаҳои муборизаи қаҳрамонон барои ҳифзи сарзамини худ ва дигар лаҳзаҳои таърихи ин давлат тасвир ёфтаанд. Инчунин дар қолин нақше ҷой дода шудааст, ки аз аҳли илму фарҳанг будани гузаштагони ин миллатро шаҳодат медиҳад.
Дар намоиш-фурӯш дар шаҳри Хуҷанд ҳамзамон қолинҳои дигаре ҳастанд, ки нақшҳои ҷолиби ҳаводиси гузашта, имрӯза ва зиндагию табиати нодири сарзамини Эронро бозгӯӣ мекунанд.

Яке аз ҳунарҳои дигаре, ки дар намоиш диққати бештарро ҷалб мекунад, ин заргарист. Дар ин намоиш аз мис ва нуқра ангуштарин, гӯшвор, гарданбанд, дастпона, тӯмор ва амсоли ин барин зеварҳои маъмулии занона пешниҳод гардидаанд, ки бештарашон бо санги фирӯза оро ёфтаанд.
Ҳамчунин дар намоиш маҳсулоти марбут ба ҳунарҳои кулолгарӣ, кандакорӣ, заргарӣ, мисгарӣ, пайкарасозӣ, муқовасозӣ, қолинбофӣ, гулдӯзӣ, хушнависӣ, ресандагӣ, бофандагӣ, либоси миллӣ, миниатюра, китобҳо, аксу мусаввараҳои мавзеъҳои табиӣ ва ёдгориҳои таърихии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба тамошо гузошта шудаанд.


Бояд гуфт, ки намоиши мазкур 1 ноябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида буд.
Ёдовар мешавем, ки 31 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд, ки то 6 ноябр идома меёбанд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






