«Ҳосилот» ва «Кӯктош» ба Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ роҳ ёфтанд
ДУШАНБЕ, 18.11.2022 /АМИТ «Ховар» «Ховар»/. Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум бо пирӯзии дастаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор анҷом ёфт. Маросими ҷоизасупорӣ ба дастаи футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор баъди анҷоми бозии даври охир бо дастаи меҳмон – «Динамо»-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар ин вохӯрии ҷолиб дастаи футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард. Ба ҷуз аз ҷому медалҳои тиллои Федератсияи футболи Тоҷикистон дар маросими мукофотсупорӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои ин дастовард ба ҳайати дастаи футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ тақдим намуд.
Мавриди зикр аст, ки дастаи футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор дар мавсими имсола 56 хол ба даст оварда, дар ҷадвали мусобиқаи Лигаи якум мақоми аввалро касб кард ва баъд аз панҷ сол ба Лигаи олӣ баргашт. Дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар даври охири мусобиқа дар меҳмонӣ дастаи «Гулистон»-и шаҳри Гулистонро бо ҳисоби калони 9:2 шикаст дод, бо 53 хол ҷои дуюмро гирифт. Ин даста низ ба Лигаи олӣ роҳхат гирифт.
Ҷойи сеюм бо касби 50 хол насиби дастаи «Динамо»-и шаҳри Душанбе гардид.
Хотиррасон мешавем, ки Чемпионати имсолаи Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи аввал бо иштироки 12 даста дар ду марҳила сурат гирифт. Ба он дастаҳои футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ, «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор, «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат, «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ, «Моҳир»-и ноҳияи Ёвон, «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор, «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, «Сарҳадчӣ»-и ноҳияи Ҳамадонӣ, «Динамо»-и шаҳри Душанбе, «Гулистон»-и шаҳри Гулистон ва «Душанбе»-и шаҳри Душанбе шомил буданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад






