«ОЯНДАИ САБЗТАР ВА БЕҲТАР». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии СПЕКА иштирок намуд

Ноябрь 18, 2022 10:20

ДУШАНБЕ, 18.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16-17 ноябр дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми 17-уми иқтисодии Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар мавзӯи «Ояндаи сабзтар ва беҳтар» баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар вазорати мазкур хабар доданд.

Дар доираи форум масъалаҳо вобаста ба тақвияти ҳамкории минтақавӣ ҷиҳати мусоидат ба ояндаи сабзтар ва беҳтар дар минтақаи СПЕКА, инчунин ҳамоҳангсозии стратегияҳои рушди миллӣ бо ҳадафу нақшаҳои байналмилалӣ, аз қабили Барномаи рушди устувор барои то соли 2030 ва Барномаи амали Вена барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ баррасӣ карда шуданд.

А. Абдураҳмонзода ҳамчун роҳбари Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдо иброз намуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ дар самти иқтисоди сабз дар ҷумҳурӣ якчанд корҳои назаррас амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла, «Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» қабул шудааст, ки ҳадафу вазифаҳои пешбинамудаи он, бешубҳа, ба тақвияти ҳамкории соҳа дар минтақа мусоидат менамояд.

Таъкид гардид, ки ҷиҳати рушди фаъолият дар самти иқтисоди сабз воситаҳои нақлиёти барқӣ аз пардохти боҷи гумрукии воридотӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод гардидаанд. Ин омил вобастагии бозори истеъмолиро аз маҳсулоти сӯзишвории воридотӣ давра ба давра кам намуда, дар татбиқи принсипҳои иқтисоди сабз саҳм мегузорад.

Дар охири форум ҷиҳати тақвияти ҳамкории минбаъда миёни кишварҳои аъзои СПЕКА дар самти иқтисоди сабз «Эъломияи Алмаато» қабул гардид.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Ноябрь 18, 2022 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад