Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳритус аз Хоҷагии деҳқонии моҳипарварии «Наимҷон-2012» боздид ба амал оварданд

Ноябрь 1, 2022 11:04

ДУШАНБЕ, 01.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Меҳргони Деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон аз Хоҷагии деҳқонии моҳипарварии “Наимҷон-2012” боздид ба амал оварданд.

Хоҷагии моҳипарварӣ соли 2022 дар доираи дастуру раҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 35-cолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мансур Давлатов ташкил шудааст.

Хоҷагӣ дорои 12 гектар замин буда, аз ҷониби масъулон ба парвариши моҳӣ ва истеҳсоли гӯшти парҳезӣ диққати махсус зоҳир карда мешавад, то ки саршумор ва ҳаҷми истеҳсол афзун гардад.

Тибқи иттилоъ, дар 5 гектар замин ҳавзи моҳипарварӣ ташкил карда шуда, дар он навъҳои гуногуни моҳӣ нигоҳубин карда мешаванд. Дар айни замон барои рушди соҳа, зиёд намудани навъҳои моҳӣ ва ба ин васила бештар намудани ҳаҷми истеҳсоли он дар хоҷагӣ 4 ҳавзи махсус амал мекунад.

Президенти мамлакат зимни боздид аз ҷараёни парвариши моҳӣ дар Хоҷагии деҳқонии моҳипарварии “Наимҷон-2012” 6 ҳазор моҳичаи гуногунро ба об сар доданд.

Ҳоло дар хоҷагии номбурда асосан 4 намуди моҳӣ парвариш меёбад. Ин тадбири муҳим имконият медиҳад, ки сол то сол рушди моҳипарварӣ дар мамлакат таъмин гардида, талаботи физиологии аҳолӣ бо гӯшти парҳезӣ, яъне моҳӣ аз ҳисоби истеҳсолкунандагони ватанӣ таъмин карда шавад.

Баъди таъсис додани Хоҷагии деҳқонии моҳипарварии “Наимҷон-2012” дар ноҳияи Шаҳритус 10 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ фаро гирифта шуд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки айни ҳол дар Хоҷагии деҳқонии моҳипарварии “Наимҷон-2012”-и ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон бештар аз 16 ҳазор моҳӣ парвариш меёбанд.

Танҳо дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон 9 хоҷагии моҳипарварӣ амал мекунанд, ки дар 9 моҳи соли равон 72 тонна моҳӣ истеҳсол шудааст ва ин назар ба ҳамин давраи соли 2022 зиёд аст.

Дар ноҳияи Шаҳритус хоҷагидорон ба парвариши моҳӣ, ки самти афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ ба шумор меравад, бештар мароқ зоҳир намуда, дар ин самт тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба фаъолияти соҳибкор ҷиҳати таъсис хоҷагии моҳипарварӣ баҳои баланд дода, масъулонро барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ вазифадор намуданд.

Боздид аз парвариш ва нигоҳубини моҳӣ дар хоҷагии деҳқонии моҳипарварии “Наимҷон-2012” дар ноҳияи Шаҳритус 01.11.2022

Ноябрь 1, 2022 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон