Президенти Тоҷикистон дастур доданд, ки кишти тирамоҳӣ то охири моҳи ноябр ба анҷом расонида шавад

Ноябрь 9, 2022 11:27

ДУШАНБЕ, 09.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони Тоҷикистон ба кишти тирамоҳӣ, ки ҳосили он соли 2023 рӯёнида мешавад, суръат бахшиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Гуфта шуд, ки қисми зиёди заминҳо барои ҳосили аввали соли оянда, яъне барои кишти зироати ғалладона омода карда шуда, баъдан кишти сабзавоти гуногун дар назар аст.

Имсол дар майдони беш аз 172 ҳазор гектар кишт гузаронида мешавад. Аз нақшаи умумии кишти тирамоҳӣ беш аз 157 ҳазор гектарро зироати ғалладонагӣ ташкил медиҳад. Инчунин дар майдони беш аз 15 ҳазор гектар дигар намуди сабзавоти барвақтӣ кишт гардид, ки ҳосили аввали барвақтии соли 2023-ро ташкил медиҳанд.

Бино ба иттилои Вазорати кишоварзӣ, дар асоси дастури Ҳукумати мамлакат барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ ва танзими нархҳо дар бозорҳои истеъмолӣ кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироати кишоварзӣ фаъолона идома дорад. Ҷамъоварии ҳосили иловагӣ имконияти содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистонро низ афзоиш медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 31 октябр дар ҷаласаи Ҳукумати мамлакат ба Вазорати кишоварзӣ, инчунин роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо оид ба сари вақт амалӣ намудани иҷрои нақшаи кишти тирамоҳӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва захираи кофии маводи озуқаворӣ супоришҳои мушаххас доданд.

«Мебояд ин маъракаро (кишти тирамоҳӣ – Тавзеҳи АМИТ «Ховар») то охири моҳи ноябр ба анҷом расонид, зеро ба ҳамин хотир онро кишти тирамоҳӣ меноманд», — вазифагузорӣ намуданд Сарвари давлат.

Мувофиқи маълумоти Вазорати кишоварзии мамлакат, то охири моҳи октябр деҳқонони ҷумҳурӣ 38 фоизи нақшаро иҷро карданд. Инчунин бояд гуфт, ки дар мавсими имсола аз саҳро бештар сабзавот (зиёда аз 1,2 миллион тонна) ва якчанд маротима камтар мева (216 ҳазор тонна) гирифта шуд. Соли равон дар майдони умумии зиёда аз 38,4 ҳазор гектар сабзавот парвариш карда шуд. Дар айни замон аз майдони 37,5 ҳазор гектар ҳосили сабзавот ҷамъоварӣ гардид.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 9, 2022 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
РОҲИ БЕҲТАР ВА БЕХАТАР. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати 8-10 соат то шаҳри Душанбе мерасанд
Дар вилояти Суғд нақшаи ҷамъоварии пахта беш аз 140 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст
Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд