Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Ноябрь 21, 2022 09:00

ДУШАНБЕ, 21.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар рафти суҳбат натиҷаҳои пешакии интихоботи президентӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Қосим-Жомарт Токаевро ба муносибати аз нав интихоб гардиданашон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои беназир ба нафъи рушди устувор ва шукуфоии Қазоқистони дӯст орзу намуданд.

Ҷонибҳо дар рафти суҳбат ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро баррасӣ намуда, ҷараёни баланди рушду таъмиқи ҳамкории гуногунҷанбаи ду давлатро таъкид карданд. Дар ин зимн алоқамандии тарафайн ба идомаи амалҳои муштарак ҷиҳати таҳкими минбаъдаи тамоми маҷмӯи муносиботи Тоҷикистон ва Қазоқистон мутобиқ ба манфиатҳои аслии ду мардуми ба ҳам бародар таъкид гардид. Мувофиқа ба даст омад, ки ҷонибҳо якҷоя ҷиҳати омодагирӣ ба таҷлили 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки ба аввали моҳи январи соли оянда рост меояд, чораҷӯӣ менамоянд.

Президентҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои алоҳидаи мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Дар фарҷоми суҳбат Президенти Қазоқистон аз Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари ҷавобии расмӣ ба Қазоқистон дар вақти барояшон муносиб даъват ба амал оварданд. Пешвои миллат дар навбати худ муҳтарам Қосим-Жомарт Токаевро барои боздид аз Тоҷикистон даъват намуданд. Муҳлатҳои сафарҳо бо роҳҳои дипломатӣ мувофиқа мешаванд.

Пешвои миллат дар иртибот ба пирӯзӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба унвони муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барқияи шодбошӣ ирсол намуданд.

Ноябрь 21, 2022 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзии давлатҳои ИДМ дар Туркманистон боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд