Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои комиссияҳои доимии АБ ИДМ иштирок намуданд

Ноябрь 11, 2022 10:30

ДУШАНБЕ, 11.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр дар Қасри Таврический, қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБ ИДМ) ҷаласаҳои комиссияҳои доимии АБ ИДМ  оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, иқтисод ва  молия, масъалаҳои иҷтимоӣ, оила,  ҳифзи саломатӣ баргузор гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Дар кори ҷаласаҳо раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода дар реҷаи фосилавӣ ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода ба таври ҳузурӣ иштирок намуданд.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода дар ин ҷаласа бо дастгирии якдилонаи ҳамкасбонаш Раиси комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ интихоб гардид. Дмитрий Кобитский, дабири кулли Шӯрои АБ  ИДМ номзадии Равшан Раҷабзодаро ба аъзои комиссия пешниҳод кард.

Дар ҷаласа ҳамчунин раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода бори аввал  муовини Раиси комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба масъалаҳои иқтисод ва молия интихоб гардид. Ин барои ҷониби Тоҷикистон падидаи хуш аст.

Дар ҷаласаи Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Қонуни намунавӣ  «Дар бораи мубориза бар зидди киберҷинояткорӣ»  баррасӣ ва тасдиқ гардид.

Таъкид гардид, ки ҷиноятҳо бо истифода аз технологияҳои IT бештар дар бахши молия содир мешаванд ва иншооти муҳими инфрасохтори иттилоотӣ ва амнияти байналмилалии иттилоотӣ низ таҳти таҳдиди ҳамлаҳои киберӣ қарор доранд.

Солҳои охир заминаи меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи мубориза бо ҷиноятҳои киберҷинояткорӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ фаъолона инкишоф меёбад. Дар баробари ин, дар миқёси ҷаҳонӣ то ҳол механизми ягонаи байналмилалии ҳуқуқии мубориза бо ҷинояткорӣ дар соҳаи технологияҳои рақамӣ вуҷуд надорад, истилоҳоти ягона таҳия нашудааст ва ин ҳамкории давлатҳоро дар ин самт мушкил месозад.

Лоиҳаи қонуни намунавӣ номгӯи ҷиноятҳои киберҷиноятиро дар бар гирифта, асосҳои мубориза бо ин гуна ҷиноятҳоро, аз ҷумла тавассути ҳамкорӣ бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, «отрядҳои киберӣ» муайян намуда, барои пешгирии ҷиноятҳои киберҷинояткорӣ чораҳо пешниҳод менамояд.

Қабул ва татбиқи қонуни намунавӣ ба қонунгузории миллии давлатҳои ИДМ имкон медиҳад, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаҳрвандон ҳамоҳанг карда шуда, ошкорбаёнӣ бештар гардад.

Вакилон инчунин лоиҳаи қонуни намунавии «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»-ро дар таҳрири нав тасдиқ карданд. Ҳуҷҷат ба ҳамоҳангсозии қонунгузории давлатҳои Иттиҳод оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шароити тағйирёбандаи иқтисодӣ, ҳангоми пайдо шудани шаклҳои нави «рақамӣ»-и ҳамкории субъектҳои соҳибкорӣ ва истеъмолкунандагон, намудҳои нави мол, кор ва хизматрасонӣ, талабот ба сифат ва бехатарии онҳо ҳам барои ҳаёт ва ҳам саломатии истеъмолкунандагон ва муҳити зист меафзояд.

Сипас, дар ҷаласаҳои мазкур вакилони парлумони кишварҳои муштаракулманофеъ масоили қонунгузории миллӣ дар бахшҳои хариди давлатӣ ва молиёт, рушди неруҳои тавлидкунанда, интиқоли технология ва таъмини амнияти иқтисодии кишварҳои узви ИДМ баррасӣ гардиданд.

Илова бар ин, дар ҷаласаҳо лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ «Дар бораи муомилоти молиявӣ», «Дар бораи роҳҳои таъмини иҷрои уҳдадориҳо», «Дар бораи фондҳо», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» (дар таҳрири нав), «Дар бораи уҳдадориҳои вобаста ба расонидани зарар»,  «Дар бораи мубориза бар зидди киберҷиноятҳо», «Дар бораи фаъолияти бонкии сармоягузорӣ ва траст» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вакилон ҳамчунин оид ба натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои коршиносони назди Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, ки 30 сентябри соли равон баргузор гардида буд, табодули назар намуда, аз рӯи пешниҳодҳои таҳиянамудаи Шӯро қарор қабул намуданд.

Дар кори ҷаласаҳои комиссияи АБ ИДМ намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи АБ ИДМ Бахтовар Сафарзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Акс: МН МО ҶТ

 

Ноябрь 11, 2022 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар даври омӯзишии байналмилалӣ дар Италия масоили дипломатияи илмӣ ва ҳамкории байналмилалӣ баррасӣ мешаванд
Файзалӣ Идизода бо муовини раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Агентии Чин оид ба ҳамкории рушди байналмилалӣ мулоқот намуданд
Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар доир гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуданд
Дар Душанбе тавсеаи робитаҳои парлумонии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Раиси Маҷлис-аш-Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда рӯйдоди воқеан таърихӣ ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид