Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии Маркази табобатию солимгардонии «Соҳил»-ро дар шаҳри Гулистон ифтитоҳ карданд

Ноябрь 15, 2022 09:28

ДУШАНБЕ, 15.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон бинои иловагии Маркази табобатию солимгардонии “Соҳил”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Маркази табобатию солимгардонии “Соҳил” аз тарафи муассис, соҳибкори ватанӣ Абдулло Абдуллоев таъсис дода шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати бинои иловагии маркази табобатию солимгардонӣ 1800 метри мураббаъро дар бар гирифта, аз 3 ошёна иборат аст.

Шумораи кормандони Маркази табобатию солимгардонии “Соҳил” 30 нафар буд, акнун бо бунёди бинои нав он ба 45 нафар расид.

Дар бинои нави иловагӣ 15 ҳуҷраи табобатӣ таъсис ёфта, он бо таҷҳизоти замонавӣ, аз қабили фитобочка, барокамера, озонотерапия, карбокситерапия ва табобати зарбавӣ-мавҷи (УВТ) муҷаҳҳаз гардидааст.

Таҷҳизоти муосири тиббӣ асосан аз Федератсияи Россия ворид шудаанд. Дар айни ҳол дар маркази табобатию солимгардонӣ зиёда аз 35 намуди табобат бо истифода аз таҷҳизоти замонавӣ ба роҳ монда шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои иловагӣ аз тарафи корхонаи сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ариана-Л” моҳи октябри соли 2021 оғоз ёфта, моҳи ноябри соли 2022 ба охир расонида шуданд. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 10 нафар сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ ва маош таъмин гардиданд.

Марҳилаи аввали Маркази табобатию солимгардонии “Соҳил” соли 2010 бо 70 ҳуҷраи хоб ва аз 7 то 10 намуди табобат ташкил шуда буд.

Соли 2017 бинои иловагӣ бо 60 ҳуҷраи хоб ба истифода дода шуда, намуди табобат аз 10 то 25 зиёд карда шуд. Ҳамон вақт шумораи коргарон 30 нафарро ташкил медод.

Баробари бунёди бинои иловагии маркази табобатию солимгардонӣ, ки дар доираи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷиҳати татбиқи тадбирҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) амалӣ гардид, 15 ҷои кор таъсис ёфта, 36 ҳуҷраи хоб барои 72 нафар табобатгирандагон бо шароити муосири табобату солимгардонӣ муҳайё карда шуд.

Баъди ифтитоҳи бинои нав ва шиносоӣ бо шароити табобату солимгардонӣ дар он Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми созандаи соҳибкорони ватанӣ баҳои баланд доданд.
Ифтитоҳи Бинои иловагии Маркази табобатию солимгардонии “Соҳил” дар шаҳри Гулистон 15.11.2022

Ноябрь 15, 2022 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд ҷойгоҳи хосса дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 2762 биною иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон осоишгоҳи замонавӣ бунёд мегардад
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд