«Шаҳристон. Чаро дар «Швейтсарияи дуюм» сайёҳӣ рушд намекунад?»,- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Ноябрь 25, 2022 11:40

ДУШАНБЕ, 25.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияҳои даврии Тоҷикистон ҳафтаи сипаригардида оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат хабару гузориш ва мақолаҳои сершумор ба нашр расониданд, ки шарҳи мухтасари онҳоро пешкаши  хонандагони сомона мегардонем.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» дар саҳифаи аввали шумораи  №225 (24 584), чоршанбе, 23 ноябри соли равон зери унвони «Хирадсолор» маводи ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Аюб Усмонзодаро доир ба саҳми Пешвои миллат дар пешбурди самтҳои муҳими давлат ва дар рубрикаи «Тоҷикистон» хабару гузоришҳоро ба нашр расонидааст.

Дар ин шумора матлабҳои гуногун  доир ба мавзӯъҳои муҳими  рӯз, аз қабили «Маориф. Нуфузи муҳимтарин соҳаи иҷтимоӣ марзҳои кишварро бояд убур кунад!», «Шаҳристон. Чаро дар «Швейтсарияи дуюм» сайёҳӣ рушд намекунад?», «Он нукта, ки асл буд, ногуфта бимонд», «Рамзи давлатдорӣ ва соҳибистиқлолӣ», «Нақши таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ» пешниҳоди хонандагон гардидаанд. Инчунин дар шумора хабарҳои варзишӣ аз дохил ва хориҷи мамлакат таҳти рубрикаи «Варзиш» ба нашр расидаанд.

Муаллифи маводи «Хирадсолор»  чунин нигоштааст: «Ҳақиқати замонҳо ва таҷрибаи рӯзгорон собит намудааст, ки хиради азалӣ ва ҷавҳари фитрӣ ҳамеша инсонро ба пешгоҳи орзуҳо мебарорад, мақоми фардии ӯро волотар ва шукӯҳу азамати рӯҳонияшро афзун мегардонад. Барои такомули маънавии одамӣ баробари шарофати донишу маърифат ва истеъдоду маҳорат, пеш аз ҳама, волидони покизаву соҳибэҳтиром, некхоҳу некбин, меҳнаткашу заҳматқарин, инчунин муҳити созгори оилавӣ, фазои хуби иҷтимоӣ, устодону омӯзгорони доно ва вусъати мутолиаю омӯзиш басо зарур аст. Агар ин фазилатҳоро дар муносибат ба шахсияти арзандаву сутуда- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди қиёсу мушоҳида қарор диҳем, маълум мешавад, ки ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик дар муҳити воқеан маънавибунёд зода ва ба камол расидаанд…».

Мавсуф дар идома зикр доштааст, ки «дар пешгоҳи низоми давлатдорӣ қарор додани мактабу маориф намунаи тобони саъю кӯшишҳои Президенти маҳбуби мамлакат ҷиҳати равнақи соҳа ва тарбияи наслҳои ҳушманду хирадманд аст. Бо итминон метавон афзуд, ки маҳз бо талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат раванди фаъолияти муассисаҳои илму маориф куллан тағйир ёфта, дастовардҳои назаррас ҳосил шуданд.…». Хонанда имкон дорад, ки шакли пурраи онро аз ин шумора  мутолиа намояд.

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Садои мардум» рӯзи душанбе, 21 ноябр №145 (4565) дар баробари дигар рӯзномаву нашрияҳои кишвар доир ба маросими қабули эътимодномаҳо аз сафирони навтаъйин аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, суҳбати телефонӣ ва номаи шодбошии Сарвари давлат ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев, инчунин Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавод нашр намудааст.

Дар ин шумора  муҳокимаи парлумонӣ зери унвони «Нақша барзиёд иҷро шуд, аммо манбаъҳои ба андозбандӣ ҷалбшуда мавҷуданд» нашр гардидааст. Гуфта шудааст, ки 17 ноябри соли равон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода «Оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» дар 9 моҳи соли равон» муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд. Дар он Маҳмадтоир Зокирзода иброз доштааст, ки омилҳои имрӯзаи ноустувории системаи молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ моро водор месозанд, ки оид ба пешгирии таъсири онҳо ба иқтисодиёти кишварамон тадбирҳои зарурӣ андешем.

«Дар шароити буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ манбаи асосие, ки метавонад расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва иҷтимоиро таъмин намояд, буҷети давлатӣ мебошад. Дар навбати худ, вазифаи тамоми мақомоти аз буҷет маблағгузоришаванда аз он иборат аст, ки хароҷоти мақсадноку шаффофи маблағҳои буҷетиро назорат ва риояи қатъии интизоми молиявиро таъмин намоянд. Аз ин лиҳоз, вазифаи асосии сохторҳои дахлдор таъмини самараноки иҷрои буҷети давлатӣ мебошад ва барои амалӣ кардани ин мақсад пешбурди сиёсати устувори буҷету андоз ва иҷрои барзиёди он, ҷалби захираҳои иловагии молиявӣ, зиёд кардани даромади буҷети ҷумҳуриявӣ, роҳ надодан ба хароҷоти иловагии бесамар ва баланд бардоштани интизоми молиявӣ дар доираи стратегияву барномаҳои давлатӣ зарур мебошад», — таъкид кардааст мавсуф.

Хонанда имкон дорад, ки дар ин шумора доир ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ — сентябри соли равон ва оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ва дигар масъалаҳои вобаста ба он маълумот пайдо намояд.

«Народная газета»— нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №49 (20382), 23 ноябри соли равон  оид ба сафари кории Президенти мамлакат ба вилояти Суғд, Рӯзи Парчами давлатӣ ва ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат хабару гузоришҳо ба нашр расонидааст.

Дар ин шумора мавод зери сарлавҳаҳои «Государственный флаг должен чтить каждый из нас!», «Мой флаг-моя гордость», «Голос государства, которое знает высокую цену миру и стабильности…» ба нашр расидаанд.

Муаллифи матлаби «Государственный флаг должен чтить каждый из нас!» сармуҳаррири нашрия Маҳбуба Камолова мебошад, ки дар он чунин нигоштааст: «Флаг занимает важное место при проведении официальных и неофициальных государственных, культурных, спортивных мероприятий, а также международного значения. На флаге Республики Таджикистан три цвета: красный, белый и зелёный. Президент страны уважаемый Эмомали Рахмон в телевизионном обращении от 23 ноября 2010 года в честь Дня Государственного флага Таджикистана объяснил значения его цветов следующим образом: «Цвета нашего национального флага выражают исторический путь народа Таджикистана, ценности национальной культуры и политики. Красный цвет — символ самоотверженности народа, борьбы за свободу и независимость, белый цвет — символ счастья, чаяний и надежды и зелёный цвет – символ процветания, гордости и вечности. В середине флага расположено изображение короны и семи звезд, что является знаком исторических корней государственности независимого Таджикистана»…».

Муаллиф дар маводи хеш доир ба таърих ва арзиши Парчами давлатӣ маълумоти муфассал пешниҳод намудааст.

     «Минбари  халқ» — нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи №46  (1392),  23 ноябр чун дигар рӯзномаҳои ватанӣ доир ба таҷлили Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ мавод нашр намудааст.

Инчунин  дар ин шумора зери сарлавҳаҳои «Маҷлисе, ки ба мардум саодат овард», «Саёҳат ба шаҳри орзуҳо», «Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ва ташаккули қонунгузории Тоҷикистони соҳибистиқлол», «Дирӯз ва имрӯзи телевизиони тоҷик», «Парчами армони тоҷик» ва «Ба гӯши кар ё фаъолони Россия азон хондани Кабирӣ» матолиб ба нашр расидаанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 25, 2022 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
Чин дар робита бо бориши шадид ҳушдори сатҳи «норинҷӣ» эълон намудааст
АЗ УРФУ ОДАТ ВА ФАРҲАНГИ БЕГОНА ПЕШГИРӢ МЕНАМОЕМ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд