СИМОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПАСМАНЗАРИ НБО «НОРАК». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон мусаввараи Вафо Назаров ба намоиш гузошта мешавад
ДУШАНБЕ, 14.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон мусаввараи рассоми шинохтаи тоҷик Вафо Назаров, ки симои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пасманзари Неругоҳи барқи обии «Норак» тасвир намудааст ва он ба тозагӣ аз ҷониби Пешвои миллат ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид, ба намоиш гузошта мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иттилоъ дод.
Намоиши мазкур ба ифтихори Рӯзи Президент ва дар доираи Рӯзи дарҳои кушод доир шуда, тамошобинон имкон доранд дар ин рӯз аз соати 08:00 то 18:00 ба таври ройгон аз толорҳои намоишии осорхона дидан намоянд,
Инчунин тамошобинон метавонанд аз намоиши муваққатии Осорхонаи миллӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» бархурдор гарданд.
Дар ин рӯз тавассути телевизионҳои фаъоли Осорхонаи миллӣ филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ», ки ба ҳаёт ва фаъолияти ибратбахши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, ба намоиш гузошта мешавад.
Ҳадаф аз эълони Рӯзи дарҳои кушод дар Рӯзи Президент ва баргузор намудани барномаҳои фарҳангӣ- фароҳам овардани шароити мусоид баҳри фароғати фарҳангии сокинону меҳмонони пойтахти кишвар ва огоҳ шудани қишрҳои гуногуни ҷомеа аз таъриху фарҳанги ниёгон ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ мебошад. Ҳамчунин ба ин восита расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзу гиромидошти арзишҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан эҳтиром ва арҷгузорӣ ба заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» шурӯъ аз соли 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 16 ноябр Рӯзи Президент таҷлил мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» буда, бинои нави онро 20 марти соли 2013 расман ифтитоҳ намудаанд. Дар ин муддат Осорхонаи миллӣ дар доираи имконоти фароҳамшуда ба дастовардҳои зиёде ноил гардид, ки ҳамаи онҳо аз сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегиранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд






