Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ номи сурхакони маймунро ба mpox иваз намуд

Ноябрь 29, 2022 11:09

ДУШАНБЕ, 29.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тасмим гирифт, ки ба бемории сурхакони маймун-бемории хатарноки вирусӣ, ки авҷи он чанде қабл соли равон ба қайд гирифта шуд, номи нав диҳад. Акнун СУТ истилоҳи нав- mpox (ихтисораи номи англисии «monkeypox», яъне «обилаи маймун»)-ро ворид мекунад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ВВС.

СУТ дар шарҳи ин тасмим гуфтааст, ки номи суннатии ин беморӣ баъзан дар заминаи нажодпарастӣ ва таҳқиромез истифода карда мешавад.

Созмон иттилоъ медиҳад, ки истилоҳи mpox метавонад ҳам ба забони англисӣ ва ҳам дар забонҳои дигар истифода шавад.

Номи нав тӯли як сол бо номи пешинаи худ расман истифода шуда, баъдан комилан иваз мешавад.

Вируси сурхакони маймун бори аввал соли 1970 дар одамон ошкор карда шудааст. Номаш ба он вобаста аст, ки 10 сол пеш олимон дар маймунҳо як бемории ба он шабеҳро кашф карда буданд.

АКС: bcnews.go.com

Ноябрь 29, 2022 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?